Маҳадмумин Тағоев: «Ҷавонон дар меҳвари сиёсати дохилии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд»

Февраль 22, 2017 08:34

Маҳадмумин Тағоев «Ҷавонон дар меҳварии сиёсати дохилии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қорор доранд»ДУШАНБЕ, 22.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Аз сабаби он, ки қишри асосии Тоҷикистони соҳибистиқлолро ҷавонон ташкил мекунанд, онҳо дар меҳвари сиёсати дохилии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд. Ин нуктаро Маҳадмумин Тағоев, муовини декани факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ДМТ) оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ, зимни ҷамъомаде, ки бахшида ба Соли ҷавонон баргузор гардид, баён дошт.
Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ҷамъомад намояндагон аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахши кор бо ҷавонон ва устодону донишҷӯёни факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иштирок намуданд.
«Воқеан дар баробари таваҷҷуҳ зоҳир кардан ба ҳаёту фаъолияти ҷавонон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз мо ҷавонон тақозо менамоянд, ки дар боло бурдани савияи донишҳои замонавии хеш, аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан забонҳои русӣ ва англисӣ таваҷҷуҳи хос дошта бошем»,- зикр кард Маҳадмумин Тағоев.
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баҳри дар сатҳи баланд таҷлил намудани Соли ҷавонон, ки ба хотири таҳким бахшидани неруи ҷавонон аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидаст, барномаҳои муштарак тарҳрезӣ шудаанд. Ҷиҳати фаъолгардонии ҷавонон ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии онҳо дар 105 бахши факултаҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 118 маҳфили ҷамъиятӣ- илмии донишҷӯён таъсис дода шудааст, ки ҷавонон метавонанд дар онҳо малакаю маҳорати худро рушду такмил диҳанд.

Февраль 22, 2017 08:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд