«Манчестер Сити» ва «Атлетико»- ғолибони бозии аввали плей-оффи Лигаи чемпионҳои Аврупо

Февраль 22, 2017 11:13

ДУШАНБЕ, 22.02.2017/АМИТ «Ховар»/.«Манчестер Сити»-и Англия ва «Атлетико»-и Испания дирӯз дар бозиҳои рафти плей-оффи Лигаи чемпионҳои Аврупо ба ғалаба комёб шуданд. Дар ин бора сайти УЭФА хабар медиҳад.
«Манчестер Сити» дар варзишгоҳи «Иттиҳод» дар баробари «Манако»-и Франсия бозиеро нишон дод, ки то ин дам дар рақобатҳои 1/8-ниҳоии Лигаи чемпионҳои Аврупо рух надода буд. Соҳибони майдон тавассути голи задаи Раҳим Стерлинг (20-ум дақиқа) ба сафи пеш баромаданд, аммо «Монако» ба ин гол бо ду голи Радамел Фалкао (32) ва Клиан Мбаппе (40) ҷавоб гардонд.
Дар оғози нимаи дуюм «Манчестер Ситӣ» ҳисобро баробар кард. Серхио Агуэро (58) голро ба номи худ сабт кард. Баъди ду дақиқа Фалкао боз ду тӯбро ба дарвозаи Вилли Кабалеро равон намуда, меҳмононро шод гардонд. Ин голи охирини дастаи муҳмонон буд. Баъдан Агуэро (71,3:3) Ҷон Стоунс (77, 4:3) ва Лерой Зане (83, 5:3) ба дарвозаи «Монако» тӯбҳоро равон карда, натиҷаи 5:3-ро бар ҷой гузоштанд. Дар ин бозӣ Фалкао (50) зарбаи пеналтиро ба ҳадаф нарасонд.
Дар бозии дуюми рӯз «Атлетико» дар сафар «Байер»-и Олмонро шикаст дод. Натиҷаи 4:2 «Атлетико» -ро бе дудилагӣ ба бозиҳои минбаъда роҳбалад хоҳад сохт. Голҳоро аз «Атлетико» Саул (17), Антуан Гризманн (25), Кевин Гамейро (58) ва Фернандо Торрес (86) ва аз «Байер» Карим Беларабӣ (48) ва Стефан Савич (86) ба нишон расонидаанд.

Бозиҳои ҷавобӣ 15 март барпо мегарданд.

Февраль 22, 2017 11:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад