Марҳалаҳои ҳамкории Тоҷикистону Россия дар Душанбе баррасӣ мегарданд
ДУШАНБЕ,13.02.2017/АМИТ «Ховар»/. Тавсеаи равобити гуногунсоҳаи мутақобилан судманди Тоҷикистону Россия дар ҳамоише, ки 14 феврал дар Душанбе таҳти унвони «Марҳалаҳои ҳамкории Тоҷикистону Россия: иқтисодиёт, амният, робитаҳои гуманитарӣ» доир мегардад, баррасӣ мешаванд.
Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Бунёди рушди «Пажӯҳишгоҳи тадқиқоти Авруосиё», «Маркази сиёсатшиносии «Шимол-Ҷануб», маҳфили коршиносии «Евразия-Поволжйе» (Саратов) ва намояндагии «Россотрудничество» дар Чумҳурии Тоҷикистон аз созмондиҳандагони ин ҳамоиш маҳсуб меёбанд.
Ҳамоиши мазкур ба ифтихори 25-умин солгарди барқарории муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия доир шуда, дар он намояндагони Думаи давлатии Федератсияи Россия, корпусҳои дипломатии кишварҳои хориҷии муқими Тоҷикистон, коршиносон ва намояндагони марказу пажӯҳишгоҳҳои илмию тадқиқотӣ ва ВАО иштирок менамоянд.
Аз Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти кишвар ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар ҳамоиш масоили марбут ба марҳалаҳои ҳамкории Тоҷикистону Россия дар бахшҳои иқтисодиёт, амният ва равобити гуманитарӣ баррасӣ мегарданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид






