Масоили марбут ба ҳамкории байниҳукуматии Тоҷикистону Россия дар соҳаи кишоварзӣ дар Душанбе баррасӣ гардид

Февраль 21, 2017 16:54

ДУШАНБЕ, 21.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрўз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо муовини Вазири кишоварзии Федератсияи Россия Евгений Громико мулоқот намуд.
Дар мулоқот масоили марбут ба ҳамкории байниҳукуматии Тоҷикистону Россия дар соҳаи кишоварзӣ ва тиҷорати агросаноатӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Ҷонибҳо ба таври мушаххас доир ба масъалаҳои тақвияти содироти маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили содироти меваю сабзавоти хушсифати Тоҷикистон ба Федератсияи Россия ва беҳтар гардонидани шароиту имкониятҳои ҳамкории байниҳукуматӣ дар соҳаи кишоварзӣ табодули афкор намуданд.
Ҷиҳати мусоидат ба шароити созгори содироти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба Федератсияи Россия тавассути бунёди коргоҳҳои агросанотии банду баст, таъсис ва бунёди марказҳои логистикию сардхонаҳои нигоҳдории меваю сабзавот фикру мулоҳизаҳои судманд баён карда шуданд.
Ҳамчунин барои бартарафсозии монеаҳои ба рушди ҳамкории кишоварзии дуҷониб таъсиррасон, аз ҷумла мушкилоти ҳамлу нақли маҳсулот аз Тоҷикистон ба Россия тавассути роҳи оҳан ва бозбинии тарифҳои гумрукии интиқоли он таклифҳои баманфиат пешниҳод гардиданд.

Февраль 21, 2017 16:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид