«Мо пайрави Пешвои миллатем»-роҳпаймоии ҷавонон дар шаҳри Турсунзода
ТУРСУНЗОДА, 25.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Турсунзода дар майдони шоҳ Исмоили Сомонӣ роҳпаймоии ҷавонони шаҳр баргузор гардид. Ҷавонони саодатманд бо шиорҳои «Мо пайрави Пешвои миллатем» ва дигар шиору овезаҳо роҳпаймоӣ намуданд.
Тавре мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Турсунзода Умед Ҳалимов иброз дошт, бахши ҷавонон дар соли 2016 дар доираи «Барномаи рушди иҷтимоии ҷавонони шаҳри Турсунзода барои солҳои 2016-2018» дар ҳудуди шаҳр 123 чорабинӣ, аз ҷумла 72 суҳбату мулоқот, ҷамъомаду машварат ва 51 барномаҳои оммавию фарҳангӣ бо фарогирии 17 ҳазору 180 нафар наврасону ҷавонон баргузор намуд.
Хушбахтона, дар шаҳри Турсунзода барои истироҳату фаъолияти пурсамари ҷавонон тамоми шароит муҳайёст. Соли гузашта боғи нави фарҳангию фароғатӣ — «Наврӯзгоҳи баҳори истиқлол» барои аҳолӣ ва хоса барои ҷавонон ба истифода дода шуд.
Имрӯзҳо ҷавонони шаҳри Турсунзода, ки беш аз 100 нафарро ташкил медиҳанд, барои сазовор истиқбол намудани Наврӯзи байналмилалӣ ва 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ фаъолияти пурсамар доранд.








ЛИБОСИ МИЛЛӢ — ОИНАИ ФАРҲАНГ ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛАТ. Дар Душанбе либосҳои тоҷикиро тарғиб менамоянд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Бахшида ба Рӯзи Модар дар ноҳияи Рӯдакӣ ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борон меборад
БАҲОРИ ГУЛРЕЗИ ТОҶИКИСТОН. Барои кишоварзон мавсими кишту кор фаро расид
НУҚТАИ НАЗАР. Ва ё нонреза ҳам нон аст
Дар шаҳри Кӯлоб 28 мавзеи осебпазир муайян гардидааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи Кӯлоб корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ идома доранд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Ҷамоати деҳоти Қаратоғ озмуни «Кадбонуи беҳтарин» баргузор шуд
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 феврал, ҷумъа, 58-умин рӯзи соли 2026 аст






