Нурулло Маҳмадуллозода: «Таъмини шуғли пурмаҳсул ба афзоиши истеъмолот, пасандозҳо ва сармоягузориҳо бевосита мусоидат мекунад»

Февраль 7, 2017 14:55

ДУШАНБЕ, 07.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» дуюмин стратегияи дарозмуддати рушди кишвар дар таърихи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар он ҳадаф ва афзалиятҳои рушди дарозмуддат бо назардошти сабақҳои андӯхта, орзуву ниятҳои мардуми кишвар, захираву имкониятҳои мавҷуда, омилҳои беруниву дохилӣ ва пешбиниҳои раванди сиёсиву иқтисодии ҷаҳониву минтақавӣ муайян карда шудаанд.

Стратегияи навбатӣ чор ҳадаф-таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баромада, ба кишвари транзитӣ табдил ёфтан, таъмин намудани амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат ва ниҳоят вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсулро фаро мегирад.

Дар ҳуҷҷати мазкур қисмати алоҳида  доир ба татбиқи чорабиниҳои мушаххас  ҷиҳати таъмини шуғли пурмаҳсул дар кишвар дар давраи то соли 2030 пешбинӣ гардидааст.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» тасмим гирифт, ки оид ба ҳадафи чоруми Стратегия-вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсул бо Нурулло Маҳмадуллозода, муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбат намояд.

«Ховар»: «Шуғли пурмаҳсул» чӣ маънӣ дорад ва таъмини он дар Тоҷикистон ба чӣ мусоидат  мекунад?

Нурулло Маҳмадуллозода: Мафҳуми «шуғли пурмаҳсул» дар асоси талаботи «Конвенсияи Созмони Байналмилалии Меҳнат дар бораи мусоидат ба шуғл ва ҳифз аз бекорӣ» муайян шуда, он  фаъолиятест, ки  ба  даст  овардани  даромадро  дар  шакли  музди  меҳнат  ё  ин  ки фоида  аз  соҳибкорӣ  дар  раванди  истеҳсоли  молҳо,  пешниҳоди хизматрасониҳо ва монанди инҳо таъмин мекунад.

Воқеан, шуғли  пурмаҳсул  масъалаҳои пайвасти  суръати  рушди  иқтисодӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ, масъалаҳои ҳифзи  манфиат  ва ҳуқуқҳои кормандон ва ҳамчунин омили муҳиму самаранокро дар роҳи  баланд  бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолии кишвар дар бар  мегирад.

Таъмини шуғли пурмаҳсул дар Тоҷикистон ба афзоиши  истеъмолот, пасандозҳо  ва сармоягузориҳо бевосита мусоидат  мекунад.  Тибқи пешгӯиҳо, шумораи  аҳолии  қобили  меҳнати ҷумҳурӣ  дар соли 2030 ба 6,8 млн. нафар мерасад, ки ин нишондиҳанда дар соли 2016-ум 2,4 млн. нафарро ташкил медиҳад. Шумораи умумии аҳолии ба шуғл машғулбуда  то соли ёдрасшуда бояд  то  70  фоизи  аҳолии  қобили  меҳнат  зиёд гардад. Дур шудан аз бартарии  ҳиссаи шуғл дар соҳаи кишоварзӣ бояд қисми  муҳими  ислоҳот  дар  соҳаи  шуғл  ва  афзоиши  маҳсулнокии  меҳнат гардад ва  бо  таҷдиди  сохтории  бахши  воқеӣ  алоқаманд  бошад.

Пешбинӣ мегардад, ки ҳиссаи  аҳолии  дар соҳаи хизматрасонӣ машғулбуда аз 27,6  фоиз  то 60  фоиз, дар саноат аз 3,3 фоиз  то  15-20  фоиз  афзоиш  меёбад.  Ин  маънои  онро  дорад,  ки  тақрибан 70 фоиз  афзоиши захираҳои меҳнатӣ дар деҳоти ҷумҳурӣ дар давоми солҳои 2016 – 2030 дар соҳаҳои саноат, иҷтимоӣ ва таҳсил бояд дар макотиби таҳсилоти касбӣ  машғул  бошанд.  Ин тадбирҳо имкон медиҳанд, ки шуғли  расмӣ  аз  40  то 70  фоиз  аз шумораи умумии аҳолии машғулбуда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон афзоиш дода шавад.

Аз ҷониби дигар, бояд дарк намуд, ки воқеияти бозори меҳнати ҷумҳурӣ аз  мавҷуд  будани  «се бахш»  таркиб ёфта,  ҳиссаҳои  баробар  — шуғли  расмӣ, ғайрирасмӣ ва муҳоҷирати меҳнатиро  ташаккул медиҳад.

«Ховар»: Таҳияи  модели  нави  рушд  барои  кадом самтҳо шароит фароҳам  меорад?

Нурулло Маҳмадуллозода: Таҳияи  модели  нави  рушд  барои  ташкили  ҷойҳои  зиёди  нави  кории пурмаҳсул, афзоиши  шуғли  расмӣ  ва  бахши  расмии  иқтисодиёт шароит фароҳам  меорад.  Таъмини  шуғли  пурмаҳсул  дар  соҳаҳои  ба  содирот равонагашта, ки  метавонанд ба дигар соҳаҳо ва умуман ба иқтисодиёт, масалан  дар  саноати  бофандагӣ  ва  озуқаворӣ,  кимиёвӣ  ва  мошинсозӣ, хизматрасонии  нақлиёт  ва  алоқа,  сайёҳӣ,  маориф  ва  тандурустӣ таъсири назарраси  афзоишёбанда расонад,  муҳим  мебошад.  Нуктаҳои муҳими институтсионалии  афзоиш  дар  ин  ҳолат  метавонанд  барномаҳои мақсадноки  минтақавии  мусоидат ба шуғл, барномаҳои  самарабахши кӯтоҳмуҳлати шуғл, бахусус  барои  ҷавонон  ва занон,  мусоидат  ба бозомўзии  муҳоҷирон,  ташаккул  додани  марказҳои  шуғл  бо  истифодаи технологияҳои қарордоди иҷтимоӣ бошанд.

Ба сифати самтҳои асосии фаъолият дар соҳаи рушди бозори меҳнат ва шуғл, аз ҷумла дар самти дастгирии соҳибкории хурд ва миёна барои ташкил намудани шуғл дар соҳаҳои истеҳсолот, тиҷорат ва хизматрасонӣ бо дастрасии бештар ва ҷалби имкониятҳои ҷавонон ва занон тадбирҳое муайян шудаанд, ки аз тарафи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба онҳо чораҳои амалӣ ба роҳ монда мешаванд.

Дар робита ба ин, бояд зикр намуд, ки давоми соли 2016 аз ҷониби мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ ҷиҳати машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ ба 3946 нафар шаҳрвандон ба андозаи беш аз 12 миллиону 66 ҳазор сомонӣ, ё худ ба ҳар як шаҳрванд ба андозаи 76,4 нишондиҳанда барои ҳисобҳо маблағ дода шуд, ки барои  дастгирии шахсони бекор дар инкишоф ва рушди соҳибкорӣ таъсири мусбат расонид.

Таҳлили раванди дастгирии молиявии шаҳрвандони бекор нишон медиҳад, ки 43,9 фоиз ба фаъолияти истеҳсолӣ, 30,9 фоиз ба фаъолияти тиҷоратӣ ва 25,2 фоиз ба фаъолияти хизматрасонӣ ба аҳолӣ машғул мебошанд.

Дар ин давом ба дастгирии ташаббуси соҳибкории занон ва ҷавонон аҳамият дода шуда, ба 2270 нафар занон дар ҳаҷми зиёда аз 6 миллиону 936 ҳазор сомонӣ ва ба 1488 нафар ҷавонон  ба  андозаи беш аз 4 миллиону 559 ҳазор сомонӣ кумаки молиявӣ пардохт гардидааст.

Дар самти омода  намудани  як  қатор  тадбирҳои  ҳавасмандкунанда  ва имкониятҳо барои шуғли пурмаҳсули шахсони маъюб зикр намудан зарур аст, ки бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандони дар бозори меҳнат осебпазир тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи қоидаҳои муқаррар намудани квота барои ба кор қабул кардани гурӯҳҳои алоҳидаи аҳолӣ» амалӣ карда мешавад.

Тавассути ҳамкории вазорат бо мақомоти маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳо давоми соли 2016 дар заминаи ҷойҳои кории бандшуда (квотаҳо) 2876 нафар  шаҳрвандони ба ҳимояи махсуси иҷтимоӣ ниёздошта бо ҷойи кор таъмин гардиданд, ки ин нишондиҳанда 105,3 фоизи дурнамои барномаро ташкил дод ва дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2015-ум 0,2% ё 7 нафар зиёд мебошад. Аз шумораи бо ҷойи кор таъминшудагон тавассути ҷойҳои кори бандшуда (квотаҳо) 1241 нафарро (43,2%) занон ташкил медиҳанд.

Дар самти баланд бардоштани ҳиссаи шуғли расмӣ дар иқтисодиёт бгуфтан ба маврид аст, ки шуғли бақайдгирифтанашуда (ғайрирасмӣ) яке аз зуҳуроти хавфноки иҷтимоӣ буда, ҳамчун поймолкунандаи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ дар худ унсурҳои таҳдид ба амнияти иқтисодӣ ва  иҷтимоии Тоҷикистонро ниҳон дорад.

Вобаста ба ин, вазорат «Барномаи  маҷмӯии паст кардани  шуғли  бақайдгирифтанашуда (ғайрирасмӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои солҳои 2015-2017» –ро таҳия намуд, ки он бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2015, ба тасвиб расида, айни замон мавриди татбиқ қарор дорад.

«Ховар»: Мақсади асосии «Барномаи  маҷмӯии паст кардани  шуғли  бақайдгирифтанашуда (ғайрирасмӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои солҳои 2015-2017» аз чӣ иборат аст?

Нурулло Маҳмадуллозода: Мақсади асосии ин Барнома амалӣ гардонидани сиёсати давлатӣ дар соҳаи  мусоидат ба шуғли аҳолӣ, афзоиши сатҳи шуғлнокӣ, таъмини кафолатҳои меҳнатии кормандон, баҳисобгирии дақиқи омории қувваи корӣ, ғанӣ гардонидани буҷаи суғуртаи иҷтимоӣ ва дар ин замина баланд бардоштани ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Лозим ба ёдоварист, ки барои натиҷагирӣ аз рафти татбиқи Барнома ва Нақшаи амали он  Комиссияи байниидоравӣ оид ба паст кардани шуғли ба қайд гирифтанашуда (ғайрирасмӣ) аз намояндагони вазорату идораҳои дахлдор таъсис дода шуда, соле як маротиба ҷаласаи он баргузор карда мешавад.

«Ховар»: Диверсификатсияи муҳоҷирати берунаи меҳнатӣ гуфта чиро дар назар доред?

Нурулло Маҳмадуллозода: Диверсификатсияи муҳоҷирати берунаи меҳнатӣ дарёфти бозорҳои нави хориҷиро барои қисме аз аҳолии қобили меҳнати ҷумҳурӣ, яъне муҳоҷирони меҳнатиро дар назар дорад. Вобаста ба пайдо намудани бозорҳои нави меҳнат дар давлатҳои хориҷии дуру наздик тибқи супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби вазорат талаботи бозорҳои меҳнатии давлатҳои хориҷии дур мавриди омӯзиш қарор дода шудаанд. Дар айни замон лоиҳаҳои созишномаҳои муштарак  ҷиҳати сафарбар намудани муҳоҷирони меҳнатӣ ба хориҷ бо давлатҳои Кувайт, Қатар, Амороти Муттаҳидаи Араб ва Кореяи Ҷанубӣ омода гардидаанд.

Масъалаи дигари муҳими ин самт, ки дар Стратегияи мазкур дарҷ шудааст, ин таъсис  додани  низоми  тайёрии  пешакии  муҳоҷирони  меҳнатӣ  ва аъзои  оилаҳои  онҳо, бо  назар ба  таъминоти  ҳуқуқӣ  ва  иттилоотӣ, омӯзиши кӯтоҳмуҳлати касбӣ ва забон дар заминаи марказҳои захиравӣ мебошад. Бо ин мақсад дар сохтори вазорат хадамоти муҳоҷират ва сохторҳои он дар маҳалҳо, 10 муассисаи давлатии «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ», Муассисаи давлатии «Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа» ва филиалҳои он дар вилоятҳои ҷумҳурӣ  ва Намояндагии вазорат дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират  фаъолият доранд. Фаъолияти муасисаҳои мазкур ба танзими муҳоҷирати меҳнатӣ, касбомузӣ, забономузӣ, мусоидат ҷиҳати бокортаъминшавии муҳоҷирон дар хориҷи кишвар ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо дар хориҷи кишвар равона гардидааст.

Боварӣ дорам, ки зарурати афзоиши ҳамзамони миқдории шуғли устувори пурмаҳсул ва маҳсулнокии  меҳнат,  таъмини  ҳифзи  иҷтимоии  самарабахш  барои Тоҷикистон ҳадафи асосии  рушд дар соҳаи меҳнат дар давраи дарозмуҳлат хоҳад шуд.

 

Мавҷуда АНВАРӢ

Февраль 7, 2017 14:55

Хабарҳои дигари ин бахш

ЭҲЁИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Бо Пешвои миллати фарҳангдӯст ва ҳунарпарварамон ифтихор дорем
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДОНИШҶӮЁН. Ҷавонони тоҷик дар донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳон таҳсили намунавӣ менамоянд
ИМРӮЗ-РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Имсол Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон раёсати Шурои иттифоқҳои касабаи Осиёи Марказиро ба уҳда дорад
«ХОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ҳадафи озмун аз густариши эҳтиром нисбат ба арзишҳо, суннат ва адабу русуми миллӣ иборат аст
Валид ибни Абдураҳмон ар-Решайдон: «Робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ густаришу равнақи бештар меёбанд»
Зебо Баротова: «Мехоҳам бо маблағи гранти президентӣ ба занони бешуғл ҳунар омӯзонаму онҳоро ба кор ҷалб намоям»
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ СУЛҲ. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар ҷаҳони муосир мавриди омӯзиши васеъ қарор дорад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Агар волидон то 3 моҳ барои кӯдак шаҳодатномаи таваллуд нагиранд, ҷарима пардохт менамоянд
Сафири Амрико дар Тоҷикистон Мануэл Микаллер: «Давоми панҷ соли охир Тоҷикистон дар роҳи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ устуворӣ ва азми пойдор нишон дод»
Хуршед Файзуллозода: «Ҳадафи Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ вусъат бахшидани раванди амалӣ намудани «ҳукумати электронӣ» аст»
Мавзуна Чориева: «Аз варзишгарони тоҷик умеди зиёд дорем, ки дар Бозиҳои олимпии Париж-2024 ба дастовардҳои назаррас ноил мегарданд»
ТОҶИКИСТОНУ ЧИН ШАРИКОНИ ҲАМАҶОНИБАИ СТРАТЕГӢ МЕБОШАНД. Нашри мусоҳибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ВАО-и расмии Чин