Ғолиби озмуни беҳтарин сенарияи барномаи театрикунонидашударо 3 ҳазор сомонӣ интизор аст
ДУШАНБЕ, 14.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 озмуни беҳтарин сенарияи барномаи театрикунонидашударо бахшида ба таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон эълон менамояд.
Тибқи иттилои манбаъ, сенарияи мазкур мавзӯъҳоеро, ки барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, тарғибу ташвиқи ҳамаҷонибаи сиёсати давлатии ҷавонон, муҳаббат ба хоку буми аҷдодӣ ва таҳкими ваҳдату ягонагии ҷавонони кишвар мусоидат мекунанд, бояд дарбар гирад. Ҳамчунин барномаи консертӣ фарогири сабку усули муосир буда, бояд симои асили ҷавононро инъикос намояд.
Муҳлати қабули сенария то 5 марти соли равон буда, муаллифи беҳтарин сенария бо диплом ва мукофоти пулӣ бо арзиши 3 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ мегардад.
23 май Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар яке аз маҷмааҳои боҳашамат таҷлил мегардад.








Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






