Олимони соҳаи стоматологияи тоҷик масъалаҳои нозуки соҳаро мавриди таҳқиқу омӯзиш қарор медиҳанд

Февраль 27, 2017 11:40

ДУШАНБЕ, 27.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори Соли ҷавонон ва 10-солагии таъсиси Маркази таълимӣ-клиникии стоматология дар мавзӯи «Масъалаҳои мубрам ва дастовардҳои стоматологияи муосир» конфронси илмӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон (ДДТТ) ба номи Абӯалӣ ибни Сино иттилоъ доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, дар вохӯрии мазкур намояндагони ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Пажӯҳишгоҳи илмӣ-клиникии стоматология ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй ва раёсатҳои тандурустии шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Иштирокчиён дар конфронс оид ба масъалаҳои гуногуни соҳаи стоматология ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй зикр намуданд, ки дар ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино аз соли 1962 инҷониб мутахассисони соҳаи стоматология омода карда мешаванд. Тӯли ин солҳо қариб 3000 нафар мутахассисон аз ин даргоҳ бо дониши баланду сатҳи зарурии касбӣ ба хизмати халқу Ватан фиристода шудаанд.
Зикр гардид, ки солҳои охир тавассути кӯшишҳои роҳбарияти донишгоҳ имкониятҳои омӯзиш дар бахшҳои гуногун, аз ҷумла дар факултаи стоматологтия хеле беҳтар гашта, шумораи устодони соҳибунвон ва имкониятҳои техникии таълим зиёд гаштааст. Иштироки устодон ва донишҷӯёни бахши стоматология дар конфронсу симпозиумҳои ватанию хориҷӣ беҳтар гашта, имрӯз олимони соҳаи стоматологияи тоҷик масъалаҳои хеле нозуки соҳаро мавриди таҳқиқу омӯзиш қарор медиҳанд.

Февраль 27, 2017 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа