Оромии Афғонистон оромии минтақа аст

Февраль 17, 2017 11:14

ДУШАНБЕ, 17.02.2017. АМИТ «Ховар»/. «Оромии Афғонистон пеш аз ҳама оромии минтақа аст», гуфт дар мулоқоташ Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Салоҳиддин Раббонӣ, Вазири корҳои хориҷии Давлати Исломии Афғонистон. Бо дахли авзои сиёсии Афғонистон Ш.Зуҳуров таъкид кард, ки Тоҷикистон хостори таъмини суботу амният дар кишвари дӯсти худ- Афғонистон буда, барои тавсеаи ҳамкории мутақобилан судманд дар заминаҳои мухталиф талош менамояд.
Мусоҳибон ҳамзамон доир ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсат, амнияту мудофиа, иқтисоду тиҷорат, энергетика ва ҳамлу нақл, бахусус баланд бардоштани иқтидори транзитӣ байни ду кишвар ва равобити ду кишвар дар сатҳи минтақавию ҷаҳонӣ табодули назар карданд. Таъкид шуд, ки беш аз 80 санади дуҷониба заминаи қарордодию ҳуқуқии ҳамкории ду кишвари ҳамҷаворро ба танзим медароранд. Дар ин росто зикр шуд, ки барои татбиқи босамари санадҳои имзошуда, мақомоти марбутаи ду кишвар бояд бештар фаъол бошанд. Ҳамзамон доир ба татбиқи лоиҳаҳои судманди минтақавӣ, назири бунёди роҳҳои оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон, Чин-Қирғизистон-Тоҷикистон-Афғонистон-Эрон, лоиҳаи «CASА-1000» ва лӯлаи гази Афғонистон-Тоҷикистон гуфтугӯйи судманд сурат гирифт. Ш.Зуҳуров таъкид кард, ки мо бояд ҳамкории иқтисодиамонро густариш диҳем. Хусусан ба амалишавии лоиҳаи сохтмони хати роҳи оҳан, ки Тоҷикистону Афғонистон ва Покистонро бо ҳам мепайвандад, диққати ҷиддӣ бояд дод. То кунун шаш пули калон Тоҷикистонро бо Афғонистон мепайванданд ва нақши онҳо дар рушди савдои наздисарҳадӣ, мубодилаи мол, рафту омади шаҳрвандон ва беҳдошти зиндагии мардуми Афғонистон нигаронида шудаанд. Таъкид шуд, ки таҷрибаи ҳамгироии босамари Тоҷикистону Афғонистон дар самти нигаҳдории амнияту субот дар марзи муштараки давлатӣ ва мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва дигар зуҳуроти номатлуби замони муосир дар оянда идома меёбад.
Дар анҷоми мулоқот Вазири корҳои хориҷии Давлати Исломии Афғонистон Салоҳиддин Раббонӣ аз дастгирӣ ва пуштибонии пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба мавқеъ ва вазъияти Афғонистон дар сатҳи созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ изҳори сипос намуд.

Февраль 17, 2017 11:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти такмили низоми идоракунии молияи давлатӣ густариш меёбад
Дар Душанбе тавсияҳои Кумитаи СММ оид ба бартараф намудани ҳама гуна ҳуқуқпоймолкунӣ нисбат ба занон муҳокима гардид
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад