Пагоҳ дар Тоҷикистон бориши барф шиддат мегирад
ДУШАНБЕ, 03.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имшаб дар Тоҷикистон бориши барф пуршиддат шуда, пагоҳ низ идома меёбад.
Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иттилои аҳолии ҷумҳурӣ мерасонад, ки 4 феврал дар тамоми ноҳияҳои ҷумҳурӣ боридани барфи зиёд ва паст фаромадани ҳарорати ҳаво то 10 12 дар назар дошта шудааст. Дар ағбаҳои кўҳӣ туману яхбандӣ пешбинӣ гардида, дар ноҳияҳои кўҳӣ фаромадани тарма аз эҳтимол дур нест.
Бар асоси пешгӯии обуҳавошиносон, ҳарорати ҳаво дар вилояти Суғд шабона то -3-8 дараҷа, рӯзона 0-5 дараҷа хунук, дар Хатлон шабона 2-7 дараҷа,рӯзона 0-5 дараҷа хунук, навоҳии тобеи марказ — шабона 2 -7 дараҷа ва рӯзона 1-6 дараҷа хунук, дар ғарби ВМКБ шабона -9-14 дараҷа, рӯзона 5-10 дараҷа хунук, дар шарқ ҳарорати ҳаво шабона 22-27 дараҷа, дар баъзе ҷойҳо то 33 дараҷа, рӯзона то 25 дараҷа хунук хоҳад шуд.
Дар Душанбе ҳарорати ҳаво шабона 2-7 дараҷа, рӯзона 1-6 дараҷа хунук мешавад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Агентии обуҳавошиносии кишвар хабар доданд, дар моҳи феврал дар ҷумҳурӣ боридани барфу борони аз меъёр зиёд аз эҳтимол дур нест.
Бинобар ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ ва меҳмонон хоҳиш менамояд, ки дар ин рӯз аз сафар кардан тавассути минтақаҳои кӯҳию осебпазир худдорӣ намоянд.
Эҳтимолияти фаромадани тарма дар навоҳии ВМКБ, роҳҳои мошингарди Душанбе-Хоруғ, Душанбе-Хуҷанд, Душанбе-Ҷиргатол, Хоруғ-Мурғоб, Хоруғ-Ишкошим вуҷуд дорад.








ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1395 нафар занон беш аз 45 миллион сомонӣ грант ҷудо гардид
То 4 сентябр дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст






