Р. Раҳимзода: «Қувваҳои мусаллаҳи кишвар ба неруи тавоно ва ниҳоди пурқудрат табдил ёфтаанд»
ДУШАНБЕ, 22.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз бахшида ба 24-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми низомии 3502-и Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ҷамъомади идона баргузор гардид.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд, Рамазон Раҳимзода афсарону сарбозон ва собиқадорони қӯшунҳои дохилиро бо ин санаи фархунда табрик намуда, гуфт: «Мардуми шарафманди Тоҷикистон имрӯз 24-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи кишварро, ки дар ин давра ба як неруи тавоно ва ниҳоди пурқудрат табдил ёфтааст, ҷашн мегиранд. Маҳз бо дастгирӣ ва ғамхории Пешвои миллат Қувваҳои мусаллаҳ имрӯз ба як неруи тавоно ва замонавӣ табдил дода шуданд, ки соҳиби техникаи ҳарбии пурқудрат ва мутахассисони баландпояи ҳарбӣ мебошанд».
Ба гуфтаи Раҳимзода, боиси ифтихору сарфарозист, ки имрӯз мо дар фазои дӯстиву рафоқат ва суботу оромӣ ҳаёт ба сар бурда, пешрафту комёбӣ ва дастовардҳои арзандаи давлату миллатро дар сиёсату иқтисодиёт, фарҳангу маданият ва илму маориф бо ин санаҳои хотирмон ҷашн мегирем.
Дар ҷараёни ҷамъомад бо Фармони Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои зоҳир намудани малакаю маҳорати баланди касбӣ ва бахшида ба 24-умин солгарди таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи кишвар як гурӯҳ сарбозону афсарон бо рутбаҳои навбатӣ, медалу нишонҳои сарисинагӣ ва Ифтихорномаю Раҳматнома қадрдонӣ карда шуданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд






