Раёсати Бозрасии давлатии автомобилӣ: ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан маҳдуд карда мешавад

Февраль 27, 2017 15:10

ДУШАНБЕ, 27.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати шаҳрвандон мерасонад, ки баҳри таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ зимни сафари расмии Президенти Федератсияи Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 феврали соли равон аз соати 13:00 то 15:00 ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар кӯчаҳои А.Дониш, Айнӣ, хиёбони Рӯдакӣ то чорроҳаи кӯчаҳои Шоҳтемур ва Теҳрон, Шероз- то хиёбони И.Сомонӣ, Шероз- И.Сомонӣ то чорроҳаи кӯчаҳои И.Сомонӣ ва А.Сино муваққатан маҳдуд карда мешавад.
Ҳамчунин аз соати 17:30 то19:00 дар кӯчаи Шероз, хиёбони И.Сомонӣ ва кӯчаи Низомии Ганҷавӣ муваққатан ҳаракати воситаи нақлиёт маҳдуд карда мешавад. Аз соати 19:30 то 20:30 аз хиёбони Исмоили Сомонӣ- аз серроҳаи И.Сомонӣ — Рӯдакӣ то давродаври хиёбони И.Сомонӣ -А.Сино ҳаракати воситаҳои нақлиёт маҳдуд карда мешавад.
Инчунин пагоҳ, 28 феврал аз соати 10:00 то 12:30 ҳаракати воситаи нақлиёт аз кӯчаҳои Нурулло Ҳувайдуллоев то Низоми Ганҷавӣ, хиёбони И.Сомонӣ, аз хиёбони А.Сино, тавассути хиёбони Рӯдакӣ, кӯчаҳои Айнӣ, Аҳмади Дониш ва М.Мастонгулов то фурудгоҳи байналмилалии Душанбе маҳдуд карда мешавад.
«Бинобар ин, аз шаҳрвандон, иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки талаботи танзимгарони Бозрасии давлатии автомобилӣ ва қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя намуда, дар вақтҳои қайдгардида аз роҳҳои ҳамшафат истифода баранд»,- иттилоъ доданд аз ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

Февраль 27, 2017 15:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд