«Саҳми занон дар рушди илм»- конфронс дар Академияи илмҳо
ДУШАНБЕ, 11.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии занон ва духтарон дар илм ва ҷашни 20-умин солгарди Ваҳдати миллӣ таҳти унвони «Саҳми занон дар рушди илм» конфронси чаҳоруми илмии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.
Тавре аз Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, конфронси мазкурро Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳусни оғоз бахшида, саҳми занонро дар рушди соҳаҳои гуногуни илм дар мамлакат муассир ва арзанда арзёбӣ намуд.
Идигул Қосимзода, Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои болоравии мақому мартабаи занону духтарон ва ҷалб намудани онҳо ба илму маориф тадбирҳои зарурӣ ва пай дар пай меандешад.
«Дар конфронси мазкур Насиба Содиқова, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саида Ғайратова, муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, Латофат Назирӣ, муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигарон баромад намуда, 18 маърӯзаи илмӣ баррасӣ ва муҳокима карда шуданд, ки паҳлӯҳои гуногуни нақши занони олимаро дар рушди илмҳои ҷамъиятшиносӣ, тиб, риёзиёт ва соҳаҳои дигари илмҳои дақиқ фаро гирифтанд»,- хабар дод манбаъ.
Ҳамчунин манбаъ афзуд: «Хотиррасон намудан зарур аст, ки Рӯзи байналмилалии занон ва духтарон дар илм бо қарори Ассамблеяи Генералии СММ аз 11 феврали соли 2012 дар саросари олам таҷлил карда мешавад. Ба ин муносибат конфронси мазкур бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид».








Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






