Сафири Тоҷикистон бо Роҳбари минтақавии дипломатияи боздоранда масоили ҳамкории СММ ва ниҳодҳои онро баррасӣ кард
ДУШАНБЕ, 14.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. 13 феврали соли 2017 дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хоҳиши Маркази минтақавии дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ дар Ашқобод вохўрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Фаррух Шарифзода бо Намояндаи махсуси Котиби Генералии СММ, Роҳбари ин Марказ Петко Драганов баргузор гардид.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо масоили ҳамкории СММ ва ниҳодҳои он бо Тоҷикистон, аз ҷумла ҳамкорӣ дар чаҳорчўби қатъномаи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028, вазъияти фавқулодаи ба амаломада дар минтақаҳои аз офатҳои табиӣ зарардидаи Тоҷикистон ва мубориза алайҳи терроризмро мавриди баррасӣ қарор доданд.








Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад






