«Салом модар, ман туро дӯст медорам!»-ҳамоиши тарбиявӣ дар Ашт
ДУШАНБЕ, 27.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар назди Муассисаи давлатии Театри мусиқӣ-драммавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидови ноҳияи Ашт бахшида ба Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 ҳамоиши тарбиявӣ таҳти унвони «Салом модар, ман туро дӯст медорам!» доир гардид.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияи давлатии ноҳияи Ашт хабар доданд, дар ҳамоиш зиёда аз 150 нафар ҷавонон иштирок намуданд. Дар ҷараёни ҳамоиш ҷавонон ба модарони худ занг зада, бо меҳр ва муҳаббати зиёд «Ало, салом модар, ман туро дӯст медорам!» гуфтанд.
«Ҳамоиши «Салом модар, ман туро дӯст медорам!» меҳри фарзандро нисбат ба модар зиёд мегардонад. Вақте фарзанд ба модар занг зада мегӯяд, ки туро дӯст медорам, дили модар аз ин сухани фарзанд бисёр шод мешавад»,- баён дошт Ҷамшед Насриддинов, мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия.
Ба иттилои манбаъ, баргузории ҳамоиши «Салом модар, ман туро дӯст медорам!» дар ҷамоатҳои ноҳия низ дар назар дошта шудааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






