Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Комиссияи давлатӣ оид ба ҳолатҳои фавқулода, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ дар панҷ соли охир
10.02.2017, шаҳри Душанбе
Ҳозирини гиромӣ!
Тавре ки мушоҳида мекунед, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол ҳодисаҳои табиӣ ва геологиву гидрологӣ, аз қабили боронгариҳои тӯлониву обхезӣ, омадани селу ярч, боридани барфи зиёду фаромадани тарма, инчунин, заминларза ба амал омада, ба аҳолӣ ва иқтисодиёти кишвар зарари ҷиддӣ мерасонанд.
Танҳо дар моҳи январи соли 2017 дар ҳудуди кишвар 244 ҳолати тармафароӣ, аз ҷумла 152 ҳолат дар ноҳияҳои Рӯшон, Шуғнон, Ишкошим ва Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, 22 ҳолат дар ноҳияҳои Лахш, Сангвор, Тоҷикобод, Рашт, Нуробод, шаҳри Роғун ва 70 ҳолати тармафароӣ дар ноҳияи Варзоб ба қайд гирифта шуд.
Бар асари офати табиӣ дар ноҳияи Варзоб 9 нафар шаҳрвандон, 3 нафар дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва як нафар дар ноҳияи Тоҷикобод ба ҳалокат расиданд.
Таҳлилҳои панҷ соли охир нишон медиҳанд, ки бинобар тағйир ёфтани иқлим ба вуҷуд омадани ҳодисаҳои табиӣ сол то сол афзоиш меёбад.
Ҷамъбасти маълумоти аз ҷониби комиссияҳои ҳолатҳои фавқулода тасдиқгардида дар панҷ соли охир нишон медиҳад, ки дар ин давра дар миқёси мамлакат 603 ҳолати фавқулодаи табиӣ ба қайд гирифта шуда, бар асари он 127 нафар ба ҳалокат расида, ба иқтисодиёти кишвар 600 миллион доллари амрикоӣ зарар ворид гардидааст.
Аз шумораи умумии одамони аз офатҳои табиӣ ҳалокгардида ба омадани сел 38 нафар, ба ҳодисаҳои ярч ва сангрезӣ 23 нафар ва ба тармафароӣ 23 нафар рост меояд.
Аз ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ аз ҳама бештар сел ба қайд гирифта шудааст, ки 34 фоизи ҳолатҳои фавқулодаро ташкил медиҳад.
Аз рӯи хисороти иқтисодӣ низ мавқеи аввалро ҳолатҳои сел ишғол менамоянд ва беш аз 63 фоизи хисороти иқтисодии аз ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ ба иқтисодиёти мамлакат расида ба оқибатҳои харобиовари сел рост меояд.
Мувофиқи Нақшаи миёнамуҳлати муташаккилона кӯчонидани муҳоҷирони экологӣ барои солҳои 2010-2013 ва Нақшаи миёнамуҳлати муташаккилона кӯчонидани муҳоҷирони экологӣ барои солҳои 2014-2016, ки бо қарорҳои Ҳукумати кишвар тасдиқ гардидаанд, то имрӯз як қатор корҳо ба иҷро расонида шудаанд.
Тибқи нақшаҳои мазкур дар давоми солҳои 2012-2016 1650 хоҷагии муҳоҷирони экологӣ бояд ба ҷойҳои бехавф кӯчонида мешуданд. Аз ҷумла аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 217 хоҷагӣ, вилояти Суғд 278, вилояти Хатлон 705 ва ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ — 450 хоҷагӣ.
Вале таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар давоми солҳои 2012-2016 1446 хоҷагии муҳоҷирони экологӣ ба ҷойҳои бехавф кӯчонида шудаанд. Аз ҷумла аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 198 хоҷагӣ, вилояти Суғд 253, вилояти Хатлон 626 ва шаҳру ноҳияхои тобеи ҷумҳурӣ 369 хоҷагӣ.
Бо қитъаи замин барои манзили зист таъмин нагардидани муҳоҷирон ва ба суратҳисоби филиалҳои Бонки давлатии «Амонатбонк» дар шаҳру ноҳияҳо сари вақт ворид нашудани маблағҳо яке аз сабабҳои сари вақт накӯчонидани муҳоҷирони экологӣ мебошад.
Аз ин рӯ, зарур аст, ки аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ҷиҳати кӯчонидани аҳолӣ аз минтақаҳои хавфнок ҳамаи чораҳои зарурӣ андешида шаванд ва Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо сари вақт ҷудо намудани қитъаҳои заминро таъмин намояд.
Тибқи маълумоти пешниҳоднамудаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар давоми солҳои 2012-2016 бо дастгирии молиявии Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Осиёии Рушд, Бонки Олмонии Рушд ва Фонди глобалии экологӣ дар соҳаи ҳолатҳои фавқулода дар кишвар 7 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии қариб 600 миллион сомонӣ амалӣ гардидааст.
Ҳадаф аз татбиқи лоиҳаҳои мазкур ва ҷалби сармояи беруна устуворгардонии идораи хавфи обхезиҳо ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим мебошад.
Айни замон, аз маблағи умумии лоиҳаҳои сармоягузории зикршуда беш аз 370 миллион сомонӣ аз худ карда шуда, 2 лоиҳа ба анҷом расидааст.
Ҳамзамон бо ин, дар давраи солҳои 2012-2016 аз ҳисоби Фонди захиравии Президент ва Фонди хароҷоти пешбининашудаи Ҳукумати Тоҷикистон барои бартараф намудани оқибати офатҳои табиӣ бо амрҳои дахлдори Президент ва фармоишҳои Комиссияи давлатӣ ба маблағи умумии беш аз 51 миллион сомонӣ ҷудо карда шудааст.
Маблағҳои аз ҳисоби буҷети давлатӣ ҷудогардида барои пардохти кумаки яквақтаи моддӣ ба аҳолии аз офатҳои табиӣ зарардида ва оилаҳои ҳалокшудагон, харидорӣ намудани сӯзишворӣ ва масолеҳи сохтмон, техникаи роҳсозӣ ва ташкили корҳои соҳилмустаҳкамкуниву барқарорсозӣ равона карда шудаанд.
Бояд гуфт, ки аксари офатҳои табииро пешгӯӣ кардан ва зарари эҳтимолии онҳоро то андозае кам кардан имконпазир аст.
Дар робита ба ин, ҳамасола аз ҷониби сохторҳои дахлдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ташхиси минтақаҳои хавфнок гузаронида шуда, барои пешгирӣ намудани ҳолатҳои фавқулода ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо маълумотномаҳо ирсол карда мешаванд.
Дар натиҷаи таҳлилҳои гузаронидашуда дар миқёси мамлакат 381 мавзеъҳои хатарноки дараҷаи аввал муайян карда шудаанд, ки аз онҳо 186 мавзеъи таҳти хатари сел, 47 мавзеъ хавфи ярч, 90 мавзеъи обхезӣ, 25 мавзеъи эрозияи замин, 14 мавзеъи хавфи тарма, 11 мавзеъи хавфи баландшавии сатҳи обҳои зеризаминӣ ва 8 мавзеъи хавфи сангрезӣ мебошанд.
Тавре зикр гардид, раванди бештар хатарнок дар миқёси кишвар сел ба ҳисоб рафта, мавсими рӯйдоди он аз моҳи март оғоз ёфта, то моҳи август идома меёбад. Дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хавфи ин ҳодиса то моҳҳои июл — октябр ҷой дорад.
Инчунин, мавсими рӯйдоди обхезиҳо дар дарёҳои кишвар аз моҳи апрел оғоз ёфта, дар ҳудуди вилояти Хатлон, водиҳои Рашту Ҳисор ва вилояти Суғд то охири моҳи май ва даҳаи якуми моҳи июн идома меёбад.
Дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ин хавф бар асари обшавии пиряхҳо ва баландшавии сатҳи оби дарёҳо аз моҳи август то даҳаи дуюми моҳи сентябр эҳтимол дорад.
Ҳамчунин, бо сабаби фаъолияти бенизоми корхонаҳои коркарди қуму шағал маҷрои дарёҳо мунтазам халалдор шуда, саддҳои муҳофизатии соҳилҳо шуста мегарданд, ки дар натиҷа ба аҳолии мавзеъҳои наздисоҳилӣ ва иншооти иқтисодӣ хисороти зиёд расонида мешавад.
Аз ин рӯ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ якҷо бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Вазорати энергетика ва захираҳои об, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва Саридораи геология масъалаи ба танзим даровардани фаъолияти корхонаҳои коркарди қуму шағалро мавриди баррасӣ қарор дода, ҳангоми таҳияи барномаи корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ барои солҳои минбаъда доир ба ин масъала банди алоҳида ворид намоянд.
Аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ иҷро нагардидани талаботи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2006 «Оид ба тасдиқ намудани қоидаҳои ташкил ва истифодабарии манбаъҳои захираҳои моддӣ барои рафъи ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ» мушкилоти дигар дар самти бартарафсозии оқибати ҳолатҳои фавқулода мебошад.
Таҳлилҳо собит месозанд, ки барои иҷрои чорабиниҳои пешгирикунанда ва вокуниши саривақтӣ ба ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ дар ҳама маврид аз маблағҳои барои бартарафсозии оқибати онҳо чандин маротиба хароҷоти камтар лозим мешавад.
Бинобар ин, зарур аст, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар хусуси ташкил ва истифодабарии дурусти захираҳои моддиву молиявӣ барои рафъи ҳолатҳои фавқулода чораҳои қатъӣ андешанд.
Мушкилоти дигар масъалаи тартиби қабул, интиқол, нигоҳдорӣ ва тақсими кумаки башардӯстона мебошад, ки ба унвонии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мегардад.
Дар асоси Қоидаҳои ҷалб, истифода, ҳамоҳангсозӣ ва мониторинги кумаки беруна дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 августи соли 2010 тасдиқ шудаанд, аз ҷониби Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ танҳо қабул ва дастрас намудани кумаки таъҷилии ба кишвар воридшаванда амалӣ мегардад.
Бо мақсади ҷуброни хароҷот вобаста ба қабул, интиқол, нигоҳдорӣ, ҳифз ва тақсими кумаки башардустона, ки ҳамчун захираи давлатӣ ворид мегардад, фурӯши на зиёда аз даҳ фоиз аз ҳаҷми умумии кумаки воридгардида иҷозат дода шудааст.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки фаъолияти комиссияҳои вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот оид ба ҳолатҳои фавқулода ҷавобгӯи талабот нест.
Масъалаи дигаре, ки ҳангоми ба вуқӯъ омадани ҳолатҳои фавқулода ба ҳалли бисёр чорабиниҳо монеа эҷод менамояд, аз ҷониби комиссияҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо оид ба ҳолатҳои фавқулода сари вақт пешниҳод нагардидани ҳуҷҷатҳои зарурӣ мебошад, ки дар натиҷа талаботи Қарори Ҳукумати мамлакат аз 3 декабри соли 2010 “Дар бораи тартиб ва миқдори расонидани кумаки яквақтаинаи моддӣ ба аҳолии дар натиҷаи офатҳои табиӣ зарардида дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дағалона вайрон мегардад.
Ғайр аз ин, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо рӯйхати аҳолӣ бо дафтари бақайдгирии ҷамоатҳо ва хоҷагиҳое, ки дар мавзеъҳои хавфнок истиқомат мекунанд, назорат бурда намешавад.
Аз ин лиҳоз, раисони комиссияҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо оид ба ҳолатҳои фавқулодаро зарур аст, ки ҷиҳати иҷрои талаботи қарори зикргардида дар маҷлисҳои комиссияҳои мазкур тартиби кор, муайянсозии минтақаҳои хавфнок, ташкили захира ва пешгирии офатҳои табииро баррасӣ намуда, ҷиҳати барӯйхатгирии аҳолӣ чораҳои зарурӣ андешанд.
Ҷиҳати иҷрои супориши Ҳукумати Тоҷикистон аз моҳи январи соли 2016 аз ҷониби Вазорати нақлиёт барои сари вақт бартараф намудани оқибати офатҳои табиӣ дар роҳҳои мошингарди истифодаи умум аз ҳисоби муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди шаҳру ноҳияҳои мамлакат 11 гурӯҳи зудамал таъсис дода, бо 465 техникаву механизмҳои роҳсозӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.
Онҳо ҳангоми сар задани офатҳои табиӣ ба тариқи фаврӣ сафарбар карда мешаванд. Вале таҷриба нишон медиҳад, ки фаъолияти ин гурӯҳҳо умуман ба талабот ҷавобгӯ нест.
Бо дарназардошти мушкилоту масъалаҳои зикршуда ва бо мақсади дар ҳолати омодабошии доимӣ қарор додани қувва ва воситаҳои мақомоти давлатӣ ҳангоми ба амал омадани ҳолатҳои фавқулода дастур дода мешавад:
1. Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва Академияи илмҳои Тоҷикистон вазъи пиряхҳо, кӯлҳо ва захираи барфро дар қаламрави кишвар то давраи гарм шудани ҳарорати ҳаво ташхис намуда, хулосаҳои худро мунтазам пешниҳод созанд.
2. Ба Саридораи геология супориш дода мешавад, ки фаъолияти Хадамоти давлатии мушоҳидаи равандҳои экзогениву геологиро ҷоннок намуда, доир ба масъалаи бо кадрҳои баландихтисос таъмин кардани сохтори зикршуда ва тавсеаи ҳамкории он бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ чораҷӯӣ намояд.
3. Вазорати нақлиёт якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо захираи сӯзишвориро ташкил карда, техникаҳои заруриро дар ҳолати омодабошии доимӣ қарор диҳад.
4. Вазорати нақлиёт фаъолияти гурӯҳҳои зудамалро ҷоннок намуда, нақшаи роҳҳои эҳтиётиро ҳангоми сар задани вазъияти эҳтимолӣ таҳия намояд.
5. Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо то давраи гарм шудани ҳарорати ҳаво дар мавзеъҳои эҳтимолии рух додани ҳолатҳои фавқулода ҷадвали навбатдории шабонарӯзиро аз ҳисоби масъулини ҷамоатҳо ва аҳолӣ омода карда, ҷойи кӯчонидани аҳолиро деҳаҳои шаҳру ноҳияҳоро аз минтақаҳои хавфнок пешакӣ муайян созанд ва нақшаи дахлдорро таҳия ва тасдиқ намоянд.
6. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар ҳамкорӣ бо ситодҳои оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилоятҳо, минтақаҳо ва шаҳру ноҳияҳо нақшаи чорабиниҳои пешгирикунандаи ҳолатҳои фавқулодаро таҳия ва тасдиқ кунанд.
7. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати сари вақт огоҳ намудани сохторҳои дахлдор ва аҳолӣ нақшаҳои мавҷудаи хабардоркунии ҳайати роҳбарикунанда ва огоҳ намудани аҳолиро аз нав таҳия ва тасдиқ намоянд.
8. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати кӯчонидани аҳолӣ аз минтақаҳои хавфнок чораҳои зарурӣ андешанд.
9. Вазорати молия, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ва дигар мақомоти дахлдор оид ба ҷалби маблағҳои донорҳо ва шарикони рушд лоиҳаҳои заруриро таҳия намуда, ҳамкориро бо онҳо густариш диҳанд.
10. Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва мақомоти прокуратура масъалаи пешгирӣ кардани ҳолатҳои коррупсиониро ҳангоми тақсимоти захираҳои давлатӣ ва кумакҳои башардӯстона дар вақти ҳолатҳои фавқулода қатъӣ назорат намоянд.
11. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бо мақсади ба танзим даровардани сохтмони биноҳо ва манзилҳои истиқоматӣ, инчунин, пулҳо аз болои дарёҳои осебпазир бо дарназардошти риояи талаботи муҳандисиву техникии мудофиаи гражданӣ ба ҳайати комиссия оид ба ҷудо намудани қитаҳои замин, қабул ва супоридани иншооти сохташаванда намояндаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро шомил созанд.
12. Сохторҳои дахлдорро зарур аст, ки доир ба масъалаи бунёди иншооти зидди тарма дар ҷойҳои осебпазир чораҷӯӣ намуда, минбаъд ҳангоми таҳияи лоиҳаҳои таҷдиду азнавсозии роҳҳо ва пулҳо масъалаи осебпазирии маҳалро ба инобат гиранд.
13. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо талаботи қоидаҳои ташкил ва истифодабарии манбаъҳои захираҳои моддӣ барои рафъи ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ ва техногениро ба роҳбарӣ гирифта, барои ташкил ва истифодабарии дурусти захираҳои моддӣ барои рафъи ҳолатҳои фавқулода чораҳои қатъӣ андешанд.
14. Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ якҷо бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Вазорати энергетика ва захираҳои об, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва Саридораи геология фаъолияти корхонаҳои коркарди қуму шағалро ба тартиб дароварда, ҳангоми таҳияи барномаи корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ барои солҳои минбаъда дар он банди алоҳида дар ин хусус пешбинӣ намоянд.
15. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ барои иҷрои корҳои наҷотдиҳӣ чораҳои зарурӣ андешида, наҷотдиҳандагони дастаҳои зудамали наҷотдиҳии вилоятҳо ва минтақаҳоро дар ҳолати омодабош қарор диҳад.
Ҳозирини арҷманд!
Ҳукумати мамлакат дар ҳама ҳолатҳо бо истифода аз захираву имкониятҳои мавҷуда мардуми кишварро ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд. Тавре ки дар хотир доред, ҳатто солҳое, ки вазъи молиявии кишвар начандон хуб буд, мо ҳаргиз нагузоштем, ки мардуми таҳаммулгарои мо худро танҳову бесаробон эҳсос намоянд.
Зеро дастгирӣ кардани мардум дар чунин лаҳзаҳои мушкил ва дасти кумаку ёрмандӣ дароз кардан ба онҳо қарзи инсониву виҷдонии мост.
Итминон дорам, ки ҳар як фарди ватандӯсти кишвар, махсусан шумо, масъулини соҳаи пешгириву бартарафсозии оқибати офатҳои табиӣ, инчунин, роҳбарони сохтору мақомоти давлатӣ дар иҷрои ин кори хайру савоб саҳм мегиред ва намегузоред, ки ҳамватанони мо дар чунин рӯзҳои мушкили зиндагиашон аз таваҷҷуҳу дастгирии Ҳукумати мамлакат берун монанд.
Мо дар чунин лаҳзаҳо дар баробари ғамхории давлат ва ташкилоту муассисаҳои давлатӣ борҳо дастгирӣ ва хайру эҳсони соҳибкорони бонангу номуси кишвар ва шахсони саховатпешаро низ эҳсос намудаем, ки тавассути кумакҳои беғаразонаву инсондӯстонаи худ ба садҳо оилаҳои эҳтиёҷманду зарардида амалҳои хайру савобро анҷом дода буданд.
Тавре ки зикр гардид, дар аксари ҳолатҳо пешгирии ҳолати фавқулода аз бартараф намудани он осонтар аст. Аз ин рӯ, ҳар як масъули соҳа ва махсусан аҳолии дар минтақаҳои хавфнок истиқоматкунанда бояд масъулиятшинос бошанд.
Таъкид месозам, ки чунин ҳодисаҳо барои ҳар як фарди бонангу номус озмоиш ва имтиҳони ҷиддӣ буда, борҳо исбот гардидааст, ки мо якҷо аз уҳдаи бартарафсозии онҳо бо сарбаландӣ мебароем.
Дар охир ба ҳамаи шумо барори кор мехоҳам.
Саломат бошед!