Тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат дар Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа
ДУШАНБЕ, 06.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади тавзеҳи мўҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа ҷамъомад доир гардид.
Тавре ки аз Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар маҷлис сарварони зерсохторҳои маҳаллии созмони мудофиавии кишвар иштирок доштанд. Роҳбарияти ташкилот вазифагузорӣ намуданд, ки бо назардошти талаботи Паёми Президенти ҷумҳурӣ, ки ҳидоятномаи ояндасоз ба шумор меравад, ҳамаи сохторҳои тобеи соҳа бояд ба масъалаи ташкилу гузаронидани чорабиниҳои оммавӣ-мудофиавӣ, тарбияи ҳарбӣ-ватандўстӣ ва мусобиқаҳои ҳарбӣ- варзишӣ дар байни ҷавонон, тайёрии тодаъватии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва мудофиаи Ватан, инчунин тайёр намудани мутахассисони касбҳои оммавӣ — техникӣ барои эҳтиёҷоти хоҷагии халқи ҷумҳурӣ аз ҳисоби ҷавонон ва тақвияти эҷодӣ-техникии онҳо дар доираи тадбирҳои Соли ҷавонон таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намуда, дар ин самт содиқона ва пурмаҳсул фаъолият намоянд.
Таъкид шуд, ки ҳамасола муассисаҳои таълимии ташкилот барои эҳтиёҷоти Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ ҳазорон нафар ҷавонони синни даъватиро соҳибкасб гардонида, барои мудофиаи Ватан сафарбар менамоянд.
Азму талош дар ҷодаи ба тарбияи ҳарбӣ- ватандўстӣ ва намудҳои ҳарбӣ- техникии варзиш ҷалб намудани ҷавонон имкон хоҳад дод, ки онҳо аз машғул шудан ба кору амал ва зуҳуроти номатлуб даст кашида, ҳамчун насли ватанхоҳу ватандўст, хушахлоқу соҳибмалака ва ҷўяндаву варзишдида тарбия ёфта, созандагони содиқу боэътимоди Ватани маҳбубу мустақиламон гарданд.








Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд
Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд






