Театри ноҳияи Данғара бо таҷҳизоти равшаннамоӣ таъмин гардид

Февраль 7, 2017 16:08

ДУШАНБЕ, 06.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Театри ҷумҳуриявии мусиқӣ-драмавии ноҳияи Данғара таҷҳизоти нав туҳфа намуд. Тавре аз Вазорати фарҳанги кишвар хабар доданд, таҷҳизоти нав барои равшан кардани саҳна пешбинӣ шуда, то ин муддат дар театр чунин намуди таҷҳизот мавҷуд набуд.
Театри ҷумҳуриявии мусиқӣ-драмавии ноҳияи Данғара соли 2003 таъсис ёфта, соли 2004 ба фаъолият шурӯъ кардааст. Он дорои 300 ҷои нишаст мебошад.
Ба иттилои манбаъ, ҳоло аҳли эҷоди театр бахшида ба Соли ҷавонон ба таҳияи мазҳакаи нави «Ҷазирбод» машғул мебошанд.
«Ҷазирбод» асари драматург Ҷумъа Қуддус буда, онро коргардони мазҳака, ҳунарпешаи театри мазкур Саидакрам Алимов ба саҳна гузоштааст.

Февраль 7, 2017 16:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад