Ваколати вакили Маҷлиси намояндагон пеш аз муҳлат қатъ гардид

Февраль 22, 2017 17:19

ДУШАНБЕ, 22.02.2017/АМИТ «Ховар»/. Ваколати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавлуда Қаландарзода пеш аз муҳлат қатъ гардида, ҳамзамон аз ҳайати Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони Маҷлиси намояндагон бароварда шуд. Дар ин росто 22 феврал вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагон қарори марбута қабул намуданд.
Бояд тазаккур дод, ки Мавлуда Қаландарзода 16 феврал дар иҷлосияи нуҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Президенти кишвар ва қарори Маҷлиси миллӣ раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.

Февраль 22, 2017 17:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология қонунҳои соҳавӣ баррасӣ гардиданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Оид ба таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ ва густариши ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Муғулистон вохӯрӣ доир шуд
17 октябр иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар шаҳри Улан-Батори Муғулистон Форуми ҷаҳонии занони аъзои парлумон баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад
Файзалӣ Идизода бо иштирокчиёни Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният доир шуд
Ҷаласаи навбатии кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занони Маҷлиси миллӣ доир гардид
Ҷаласаи навбатии кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ доир гардид
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад