Вазири корҳои дохилӣ бо Сафири Туркия дар Тоҷикистон ҳамкорӣ дар мубориза бо терроризмро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 03.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алӣ Рифат Кёксал мулоқот намуд.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд, Рамазон Раҳимзода Алӣ Рифат Кёксалро барои таъйин гардидан ба вазифаи Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуда, дар иҷрои вазифаҳои муҳими давлатӣ барору комёбӣ таманно намуд.
Зикр гардид, ки муносибатҳои дӯстонаи ду давлат рӯз аз рӯз пеш рафта, чунин муносибат махсусан байни мақомоти корҳои дохилии ду кишвар эҳсос мегардад. Заминаи ҳуқуқии ҳамкорӣ ба имзо расидани созишномаҳо, тавофуқнома ва ёддоштҳои тафоҳум ҷиҳати дурнамои ҳамкории дуҷониба имконоти васеъ фароҳам овардааст.
Аз ҷумла, ба имзо расидани Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия оид ба ҳамкорӣ дар мубориза бо терроризм, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ, прекурсорҳои онҳо ва ҷинояткории муташаккил аз 7 ноябри соли 2001 муҳим ба шумор рафта, дар ин замина Комиссияи муштарак ташкил гардидааст.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо атрофи масоили мубориза бо ҷинояткории муташаккилона, аз ҷумла терроризм, экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, табодули таҷриба, мубодилаи иттилоот, омода намудани кадрҳои баландихтисос ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ ибрози андеша намуданд.
Дар вохӯрӣ Алӣ Рифат Кёксал аз ҳамкории мутақобилан судманд қаноатмандии хешро иброз дошта, барои тақвияти минбаъдаи муносибатҳои мақомоти корҳои дохилии ҳарду кишвар изҳори боварӣ намуд.
Зикр шуд, ки мулоқоти имрӯза қадами устуворест, ки ду кишварро бо ҳам наздик намуда, робитаҳои касбиро дар ҳамаи самтҳо равнақу ривоҷ медиҳад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






