Ян Ҳамачек бо ҳайати баландпояи Чехия озими Тоҷикистон мегардад

Февраль 7, 2017 16:00

ДУШАНБЕ, 07.02.2017/АМИТ «Ховар»/. Ян Ҳамачек, раиси палатаи вакилони Парлумони Ҷумҳурии Чехия 10 феврал бо як ҳайати баландпояи парлумонӣ бо сафари расмӣ озими пойтахти Тоҷикистон- шаҳри Душанбе мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Интизор меравад, ки Ян Ҳамачек, раиси палатаи вакилони Парлумони Ҷумҳурии Чехия зимни сафари расмӣ ба Тоҷикистон бо роҳбарияти баландпояи Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Маҷлиси миллӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев ва Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров мулоқот намуда, масоили таҳкими муносиботи гуногунсоҳаи Тоҷикистону Чехия ва дурнамои тавсеаи равобити парлумонии байни ду кишварро матраҳ хоҳад кард.
Ян Ҳамачек ҳамчун рамзи эҳтиром ба таърих ва тамаддуни миллати тоҷик дар пояи муҷассамаи нахустин Асосгузори давлати миллии тоҷикон- шоҳ Исмоили Сомонӣ, воқеъ дар майдони «Дӯстӣ»-и Душанбе гулчанбар гузошта, инчунин аз марказҳои фарҳангию таърихии Тоҷикистон, назири «Кохи Наврӯз», Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид менамояд. Ҳамзамон раиси палатаи вакилони Парлумони Чехия ба шаҳри бостонии Ҳисор сафар намуда, Қалъаи Ҳисорро тамошо мекунад.
Дар доираи сафари расмиаш ба Тоҷикистон Ян Ҳамачек дар маросими ифтитоҳи Анҷумани доираҳои иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва соҳибкорони Тоҷикистону Чехия, ки баргузории он 10 феврал дар Душанбе дар назар аст, иштирок менамояд.

Февраль 7, 2017 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд