14 март-Рӯзи байналмилалии дарё. Оби ҳамаи дарёҳои Тоҷикистон аз рӯи тамоми стандартҳои ҷаҳонӣ ошомиданӣ эътироф гардидааст

Март 14, 2017 12:17

ДУШАНБЕ, 14.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. 14 март дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии дарё ҷашн гирифта мешавад. Пешниҳоди таҷлили Рӯзи байналмилалии дарё дар аввалин конфронси байналхалқӣ бар зидди сохтани сарбандҳои калон, ки моҳи марти соли 1997 дар Бразилия баргузор гардида буд, ба миён омадааст. Қаблан ин рӯзро ҳамчун Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди сарбанди об, дарё, об ва ҳаёт арзёбӣ намуда, ҷашн мегирифтанд. Дар сарчашмаҳо омадааст, ки аввалин маротиба 14 марти соли 1998 Рӯзи байналмилалии дарёро ҷашн гирифтанд ва бахшида ба он дар зиёда аз 50 кишвари олам ҳамоишҳо барпо намуданд.

Яке аз мақсадҳои таҷлили Рӯзи байналмилалии дарё- ин ташкили ҳамоишҳо ва ҳашарҳо оид ба тозакунии соҳилҳо ва дарёҳо мебошад. Рӯзи байналмилалии дарёро дар Германия, Испания, Норвегия, Федератсияи Россия, Франсия, Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Бразилия, Мексика, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Тайланд ва дигар кишварҳо таҷлил намуда, дар доираи он дарсҳои махсус ва конфронсу семинарҳо баргузор карда, намоишҳои рассомӣ ва филмҳои ҳуҷҷатӣ манзури иштирокдорон гардонида мешаванд.

14 март рӯзи байналмилалии дарё Дар Тоҷкистон зиёда аз 25 ҳазор дарё мавҷуд аст«Дарёҳо дар рӯи замин сарчашмаи асосии ташаккули ҳаёти инсоният буда, барои сабзиши табиат ва инкишофи гуногунии биологӣ нақши муҳим доранд. Аз рӯи сарчашмаи пайдоиш ва ё ғизогирӣ онҳо ба дарёҳои аз ҳисоби боришоти атмосферӣ ғизогиранда, дарёҳои аз ҳисоби барфу захираҳои барфӣ ғизогиранда, дарёҳои аз ҳисоби пиряхҳо ғизогиранда, дарёҳои аз ҳисоби обҳои зеризаминӣ ғизогиранда ва дарёҳои аз ҳисоби барфу пирях ғизогиранда ҷудо мешаванд»,-иброз дошт Назриаллоҳ Сарабеков, директори Муассисаи давлатии Маркази илмӣ-тадқиқотии ҳифзи захираҳои оби назди Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ҳамсуҳбати мо зикр кард, ки ба дарёҳо аз рӯи масоҳат баҳо медиҳанд. Дарёе, ки аз 10 км зиёд дарозӣ дорад, дарёи калон ба ҳисоб меравад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз аз рӯи маълумот 25 ҳазору 200 дарё ба ҳисоб гирифта шудааст ва аз ин шумора дарёҳое, ки зиёда аз 10 км дарозӣ доранд,  947 адад мебошанд. Вобаста ба он, ки баъзе сойҳои аз ҳисоби чашмаҳо ғизогиранда ва мавсимиро, ки маҷрои доимӣ надоранд, ҳисоб намекунанд, ба шумораи умумии дарёҳо аз 25 ҳазору 200 то 28 ҳазору 500 тағйирот ворид шудааст».

«Дарозии умумии дарёҳои калони Тоҷикистон ба 28 ҳазору 500 км баробар мебошад. Яке аз хусусиятҳои хоси дарёҳои Тоҷикистон ин аст, ки оби ҳамаи онҳо аз рӯи тамоми стандартҳои ҷаҳонӣ ҳамчун оби ошомиданӣ эътироф гардидааст. Вобаста ба ин, вақте ки иқдоми нахустини Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи эълони «Соли 2003-соли оби тоза» ба ҷаҳониён пешниҳод гардид, он аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба хубӣ пазируфта шуд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ дар симои Пешвои миллати тоҷик як роҳбари ҳалкунандаи мушкилоти байналхалқӣ дар соҳаи обро диданд»,- гуфт Назриаллоҳ Сарабеков ва чунин илова кард: «Пас аз ин Ҷумҳурии Тоҷикистон аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид роҷеъ ба масъалаҳои об дар солҳои 2005-2015 «Даҳсолаи байналмилалии об барои ҳаёт», соли 2013 «Соли ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи об»-ро ба ҷаҳониён пешниҳод намуд, ки онҳо низ қабул гардиданд. Ҳамаи камбудию норасоии об дар сатҳи ҷаҳонро Ҷумҳурии Тоҷикистон ба назар гирифта, солҳои 2018-2028-ро ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» пешниҳод кард, ки аз ҷониби СММ қабул гардид».

«Баъди қабули Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шакли пилотӣ бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда дар ду мактаб аз ҳисоби хонандагони болаёқат маҳфил гузаронида шуд ва ба  он хонандагон барои омӯзиши илмҳои дақиқ ҷалб карда шуда, ҳамзамон маҳфили «Муҳофизони об» ташкил карда шуд. Дар арафаи Рӯзи  умумиҷаҳонии дарё  мо бо мақсади баланд бардоштани маърифати экологии шаҳрвандон маҳфили «Муҳофизони об»- ро баргузор менамоем»,- зикр кард Назриаллоҳ Сарабеков.

 

Шукӯҳи ДАЛЕР

Март 14, 2017 12:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Ясмин Сиддиқӣ: «Обшавии пиряхҳо танҳо як мушкили муҳити зист нест, ин буҳрони об, ғизо ва рӯзгор аст»
Эла Ионеску, намоянда аз Руминия: «Шумо, одамони хушбахтед, ки чунин Ватани зебо доред»
Варзишгар аз Амрико Каролина Глейш: «Ба дӯстону ҳамкоронам дар бораи табиати нотакрори Тоҷикистон нақл хоҳам кард»
ДУШАНБЕ-МАРКАЗИ ҚАБУЛИ ҚАРОРҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо
Ҷавонони боистеъдоди тоҷик дар беҳтарин муассисаҳои таҳсилоти олии давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон таҳсил доранд
Ҷавонон дар баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо чӣ гуна саҳм мегузоранд?
Михаил Гусман: «Вақте «Душанбеи офтобӣ» мегӯем, ин ҷо сухан танҳо аз гармии ҳаво не, балки аз гармии дили одамон низ меравад!»
КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Он мавқеи пешоҳангии Тоҷикистонро дар ҳалли мушкилоти обу иқлим мустаҳкамтар менамояд
ДОВТАЛАБОН КАДОМ КАСБРО БОЯД ИНТИХОБ НАМОЯНД? Ҳангоми интихоб лаёқату истеъдодро ба назар гирифтан зарур аст
30 соли дӯстӣ ва ҳамкорӣ: рушди муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт
Дар рӯзҳои таҷлили Наврӯз дар Душанбе Форуми байналмилалии заргарӣ ва Намоишгоҳи Тоҷикистон баргузор мегардад
Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ Маркази омӯзиши ташаббусҳои глобалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои обу иқлим ифтитоҳ ёфт