24 март — Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди бемории сил: бемории сил табобатшаванда ва пешгиришаванда аст

Март 24, 2017 08:14

ДУШАНБЕ, 24.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди бемории сил   бо қарори Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ), ҳарсол 24 март дар тамоми ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад. Ҳадаф аз гузаронидани ин рӯз пеш аз ҳама баланд бардоштани савияи огоҳии  аҳолӣ дар бораи паҳншавии глобалии ин беморӣ ва кӯшишҳои вобаста ба   нобудсозӣ, усулҳои пешгирӣ ва мубориза бо он мебошад. Чуноне, ки маълум аст, бемории сил дар Тоҷикистон яке аз мушкилиҳои асосӣ ва самтҳои муҳими  фаъолияти тамоми системаи тандурустии кишвар мебошад. Дар солҳои сипаригардида аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд барномаҳо оид ба пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории сил таҳия ва қабул гардидаанд. Дар баробари ин, аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади татбиқи барномаҳои қабулгардида тамоми чораҳои зарурӣ андешида шудаанд.
Дар робита ба ин рӯз мухбири АМИТ «Ховар» бо  Муъминшоҳ Латипов  сартабиби Беморхонаи шаҳрии кӯдаконаи бемориҳои сил ҳамсуҳбат гардид.
«Пеш аз ҳама бояд зикр намоям, ки бемории сил табобатшаванда ва пешгиришаванда аст,  ба шарте, ки он сари вақт ташхис ва таъиноти дуруст ба роҳ монда  шавад. Табобат ҳатман бояд  зери назорати корманди тиб гузаронида шавад. Ин беморӣ   асосан ба шуш осеб расонида, баъзан ба узвҳо ва системаҳои дигар низ асар мегузорад.
Соли 1882 дар Олмон Роберт Кох пас аз 17 соли кор дар лаборатория барангезандаи бемории силро кашф намуд, ки онро батсилаи Кох (БК) ва ё чӯбчамикроби Кох номиданд. Бояд гуфт, ки  бемории сил (БС) аз инсон ба инсон тавассути ҳаво ва оби даҳон паҳн мегардад. Ҳангоми сулфазанӣ, атсазанӣ ва ё балғампартоӣ бактерияҳои БС аз шахсони гирифтори БС ба ҳаво паҳн мешаванд. Барои сироятшавии инсон танҳо нафас кашидани миқдори камтарини чунин бактерияҳо кифоя аст. Тақрибан аз се як ҳиссаи аҳолии ҷаҳон дорои БС ниҳонӣ мебошанд. Хавфи гирифтори БС шудани онҳо дар тӯли ҳаёти худ 10%-ро ташкил медиҳад. Аммо ба шахсоне, ки системаи масунияташон заиф аст, мисли беморони ВНМО (вируси норасоии масунияти одам), нокифоягии ғизо, диабет ва ё тамокукашӣ, хавфи басе зиёди дучоршавӣ ба ин беморӣ таҳдид мекунад», қайд кард М. Латипов.
24-март сил«Ба беморхонаи мо  аз тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ  кӯдакони сироятёфта барои табобат муроҷиат мекунанд. Дар соли сипаригашта  ба  беморхона 120 нафар кӯдакони гирифтори бемории сил ворид гаштанд, ки аз ин шумора  75 фоизаш   аз ноҳияҳои дурдаст ва   25 фоизи дигар  аз худи шаҳри Душанбе буданд. Бояд қайд намоям, ки он шумораи зиёди кӯдаконе, ки аз ноҳияҳо дар беморхона бистарӣ мешаванд,   яке аз сабабҳояш  хунукназарона  рафтор  кардани волидайн мебошад.  Ҳангоми бемор шудани  кӯдак, онҳо худсарона  муолиҷа мекунанду сари вақт ба духтурони минтақавӣ муроҷиат намекунанд.  Онҳо ҳангоме,  ки кӯдак ба ҳолати вазнин гирифтор мешавад, баъд ба духтур муроҷиат мекунанд. Аз ин рӯ,  то ба беморхона омада расидан, аллакай ҳолати кӯдак вазнин мешавад», -зикр намуд мусоҳиб.
Инчунин М. Латипов  кайд намуд, ки «Кӯдаконе, ки дар беморхона бистарӣ шудаанд, ҳаррӯз  бо хуроки гарм, ҳамчунин бо дорувориҳои зидди силӣ     дар давоми табобат пурра таъмин карда мешаванд. Ҳамаи таъминот дар беморхона пурра ройгон ба роҳ монда шудааст».
Бояд қайд намуд, ки солҳои охир дарёфт ва бақайдгирии шаклҳои гуногуни мутобиқгаштаи бемории сил дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд. Мувофиқи маълумоти Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 27 давлате, ки нишондодҳои баланди шакли мутобиқгаштаи силро доранд, дохил шудааст. Мутобиқи натиҷаҳои тадқиқоти дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидашуда, дар байни ҳодисаҳои нави бемории сил шумораи шаклҳои мутобиқгаштаи сил 13% ва байни беморони такрорӣ 54%-ро ташкил медиҳад.

Март 24, 2017 08:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Иштирокдорони ҳамоиш дар Душанбе ҷойгоҳи Айнӣ дар ташаккули мафкураи миллиро баррасӣ намуданд
РУШДИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ. Бахшида ба он дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Дар Душанбе дар мавзуи «Маърифати ҳуқуқӣ-омили муҳими таҳкими давлатдории миллӣ» конфронси байналмилалӣ доир шуд
Мафкураи солим ва дониши мукаммал омили муҳими рушди устувор ва амнияти ҷомеа мебошад
27-28 апрел дар Тоҷикистон ҳавои боронӣ пешгӯӣ мешавад
Бар асари обхезӣ дар Танзания 155 нафар ба ҳалокат расид
Дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон вобаста ба мубориза бар зидди ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд
Дар фестивали Олмон зиёда аз 720 ҳолати сироятёбӣ ошкор гардид
Гурӯҳи кории Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар Бартанг бо вазъи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ шинос шуд
Фазои Либия ва Юнони ҷанубӣ бар асари ғубори биёбони Сахара ранги норанҷӣ гирифтааст
Мақомоти Чин барои минтақаҳое, ки аз селу обхезӣ зарар дидаанд, беш аз 15 миллион доллар ҷудо намуданд