А. Нуралиев барои қаллобӣ, ғайриқонунӣ додани қитъаи замин ва сохтакорӣ намудани ҳуҷҷат аз озодӣ маҳрум гардид
ДУШАНБЕ, 03.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо ҳукми суди ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрванди қаблан судшуда А. Нуралиев барои қаллобӣ, ғайриқонунӣ додани қитъаи замин ва сохтакорӣ намудани ҳуҷҷат гунаҳгор ҳисобида шуда, ба муҳлати 13 сол аз озодӣ маҳрум гардид.
Тавре дар сомонаи Прокуратураи генералӣ омадааст, А. Нуралиев барои он айбдор карда шудааст, ки қаблан барои ҷинояти қаллобӣ маҳкум шуда бошад ҳам, хулосаи зарурӣ набароварда, дар давоми солҳои 2014 2015 бо «Ҳоҷиамон» ва «Холаҳмад» ном шахсон дар 6 ҳолат ба боварии шаҳрванд Х. Эвазова ва дигарон даромада, бо ваъдаи додани замин аз ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ аз онҳо аз 1000 то 7000 долллари ИМА, ҷамъ 30 600 доллари ИМА гирифта, ба онҳо ҳуҷҷатҳои қалбакӣ оид ба ҷудо намудани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ дода, зарари махсусан калони моддӣ расонидааст.
Прокуратураи генералӣ пешбурди парвандаи ҷиноятиро нисбат ба шаҳрванд А. Нуралиев бо моддаҳои 247 қисми 4 банди «б», ( қаллобӣ ба миқдори махсусан калон), 338 эзоҳи 1 қисми 2 бандҳои «а»,»б» (такроран, ғайриқонунӣ додани қитъаи замин аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ») ва 340 қисми 2 бандҳои «а»,б», «в» (сохтакорӣ намудани ҳуҷҷат ва ба соҳибияти каси дигар додани он) КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода, онро ба суди ноҳияи Рӯдакӣ ирсол намудааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






