Абдуллоҳ Муҳаммад Ал-Бассомӣ: «Тоҷикистон табиати биҳиштосо дорад»

Март 24, 2017 11:08

ДУШАНБЕ, 24.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. 15-19 матри соли равон як гурӯҳ соҳибкорон аз ширкати тиҷоратии «Al-bassaimi Group of Companies»-и Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, бо роҳбарии Раиси Ширкати мазкур Абдуллоҳ Муҳаммад Ал Бассомӣ, ба шаҳри Душанбе ташриф оварданд. Дар давоми сафари худ меҳмонон бо чанде аз роҳбарони вазорату идораҳо  мулоқот намуда, аз мавзеъҳои фарҳангию таърихии кишвар махсусан шаҳри Душанбе дидан намуданд. Хабарнигори АМИТ «Ховар» оид ба бардоштҳо, мулоқотҳо ва дигар самтҳои сафар бо Абдуллоҳ Муҳаммад Ал Бассомӣ, Раиси ширкати тиҷоратии «Al-bassaimi Group of Companies»-и Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ҳамсуҳбат шуд.

 «Ховар»: Сабаб ва мақсади сафари шумо ба Тоҷикистон дар чӣ аст?

 Абдуллоҳ Муҳаммад Ал Бассомӣ: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндаи Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ моро бо имкониятҳои ҳамкорӣ ва сармоягузорие, ки дар Тоҷикистон мавҷуданд шинос намуданд ва даъват ба амал оварданд, ки барои ҳамкорӣ ва сармоягузорӣ ба Тоҷикистон сафар кунем. Мо пешниҳоди онҳоро қабул карда, бо мақсади аз наздик шинос шудан ва омӯхтани шароити сармоягузории мавҷуда ба ин кишвари зебоманзар ташриф овардем.

 «Ховар»: Шумо бештар дар кадом самтҳо мехоҳед сармоягузорӣ ва ҳамкорӣ ба роҳ монед? Аз мулоқотҳое, ки бо роҳбарони вазорату идораҳо доштед, ба чӣ хулоса омадед?

 Абдуллоҳ Муҳаммад Ал Бассомӣ: Ширкати мо яке аз ширкатҳои хусусии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ мебошад. Мо асосан барои сармоягузорӣ ва ба роҳ мондани ҳамкории дуҷониба бо ширкатҳои Тоҷикистон дар самтҳои сайёҳӣ, сохтмон,истихроҷ ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ ва содироти хушкмева ба инҷо омадем. Аммо дар рафти мулоқотҳое, ки бо роҳбарони вазорату идораҳо доштем, ба мо ҳамчунин пешниҳод шуд, ки дар самтҳои бонкдорӣ, энергетика, содироти маҳсулоти кишоварзӣ, бунёди корхонаҳои саноатӣ, коркарди сангҳои қиматбаҳо, нахи пахта, истеҳсоли матоъ, коркарди  пилла, пашм ва пӯсти ҳайвонот ҳамкорӣ намоем. Мо ин пешниҳодҳоро ба хушӣ қабул намудем ва итминон дорем, ки дар ояндаи наздик бо дастгирии бевоситаи масъулоне, ки мо бо онҳо мулоқот доштем, дар ин самтҳо ҳамкории дуҷонибаро ба роҳ монем.

Аз мулоқотҳое, ки мо доштем, қабули самимиро эҳсос намудем ва он маълумоте, ки мехостем бидонем,, ба даст овардем. Инчунин пешниҳодҳое, ки аз ҷониби онҳо ироа гардид, ба мо боз ҳам имконият медиҳад, ки дар ин самтҳо сармоягузорӣ намоем ва дар рушди Тоҷикистон саҳмгузор бошем.

«Ховар»: Ин аввалин сафари Шумо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Бигӯед, ки аз ин сафар, чӣ бардошт кардед?

Абдуллоҳ Муҳаммад Ал Бассомӣ: Ин бори аввал буд, ки ман ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овардам ва умед дорам, ки ин охирин бор нахоҳад буд. Ман фаҳмида будам, ки мардуми Тоҷикистон мардуми бисёр меҳмоннавозанд, инро ба чашмони худ дидам. Байни халқҳои Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ фарҳанги муштарак мавҷуд аст, зеро дини мо як аст ва намунаҳои фарҳанги якранг дорем, ки ин моро бо ҳам наздик месозад.

Дар ҷарайёни сафари худ мо аз мавзеъҳои таърихию фарҳангии шаҳри Душанбе, боғи ба номи Устод Рӯдакӣ, майдони Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Наврӯзгоҳи пойтахт» ва «Кохи Наврӯз» боздид ба амал оварда, бо фарҳанг ва ҳунарҳои дастии халқи тоҷик, ки дар «Кохи Наврӯз» ба намоиш гузошта шудаанд, аз наздик шинос шудем. Толорҳои гаҷкорию чӯбкорӣ ва толоре, ки зиёда аз 20 намуди санги қимматбаҳои Тоҷикистон дар сохта шудани он истифода шудаанд, хеле зебо мебошад.

Инчунин мо аз «Қалъаи Ҳисор», осоишгоҳҳои табобатии «Шоҳамбарӣ» ва «Хоҷа оби гарм» дидин намудем. «Қалъаи Ҳисор», ки таърихи сеҳазорсола дорад, хеле зебо ва диққатрабост.

Хулоса бардоштҳои дигари худро аз ҷарайёни ин сафар наметавонем бо як ду сухан иброз дорем. Ҳамин қадар мегӯем, сафари мо дар айёми бедоршавии табиат, яъне фарорасии баҳор ва Наврӯзи байналмилалӣ ҷарайён гирифт, ва дидем, ки Тоҷикистон дорои табиати биҳишосо аст, мардуми бофарҳанг ва бениҳоят меҳмондӯст дорад.

Маълумот: 15-19 матри соли равон як гурӯҳ соҳибкорон аз ширкати тиҷоратии «Al-bassaimi Group of Companies»-и Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, бо роҳбарии Раиси ширкати мазкур Абдуллоҳ Муҳаммад Ал Бассомӣ, ба шаҳри Душанбе ташриф оварда, дар ҷарайёни сафар бо Неъматулло Ҳикматуллозода, Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Файзиддин Қаҳҳорзода, Раиси Кумитаи давлатии самоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шариф Саид, Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аҳтам Абдуллозода, Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҳмадшариф Ҳақдод, муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бахтиёр Назирмадзода, муовини Раиси шаҳри Душанбе мулоқот анҷом дод.

                                               Шукӯҳи ДАЛЕР,

хабарнигори АМИТ «Ховар»

Март 24, 2017 11:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Ясмин Сиддиқӣ: «Обшавии пиряхҳо танҳо як мушкили муҳити зист нест, ин буҳрони об, ғизо ва рӯзгор аст»
Эла Ионеску, намоянда аз Руминия: «Шумо, одамони хушбахтед, ки чунин Ватани зебо доред»
Варзишгар аз Амрико Каролина Глейш: «Ба дӯстону ҳамкоронам дар бораи табиати нотакрори Тоҷикистон нақл хоҳам кард»
ДУШАНБЕ-МАРКАЗИ ҚАБУЛИ ҚАРОРҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо
Ҷавонони боистеъдоди тоҷик дар беҳтарин муассисаҳои таҳсилоти олии давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон таҳсил доранд
Ҷавонон дар баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо чӣ гуна саҳм мегузоранд?
Михаил Гусман: «Вақте «Душанбеи офтобӣ» мегӯем, ин ҷо сухан танҳо аз гармии ҳаво не, балки аз гармии дили одамон низ меравад!»
КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Он мавқеи пешоҳангии Тоҷикистонро дар ҳалли мушкилоти обу иқлим мустаҳкамтар менамояд
ДОВТАЛАБОН КАДОМ КАСБРО БОЯД ИНТИХОБ НАМОЯНД? Ҳангоми интихоб лаёқату истеъдодро ба назар гирифтан зарур аст
30 соли дӯстӣ ва ҳамкорӣ: рушди муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт
Дар рӯзҳои таҷлили Наврӯз дар Душанбе Форуми байналмилалии заргарӣ ва Намоишгоҳи Тоҷикистон баргузор мегардад
Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ Маркази омӯзиши ташаббусҳои глобалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои обу иқлим ифтитоҳ ёфт