Ҳадафи асосии лоиҳаи «Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба вируси норасоии масунияти одам барои солҳои 2017-2020» пешгирӣ, табобат, нигоҳубин ва дастгирӣ вобаста ба сирояти ВНМО (ВИЧ/ СПИД) мебошад

Март 14, 2017 10:45

ДУШАНБЕ, 14.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи вируси норасоии масунияти одам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2020-ро ба тасвиб расонд.

Дар робита ба барномаи  мазкур мухбири АМИТ «Ховар»   бо Дилшод Сайбурҳонов,  муовини директории Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди Вируси норасоии масъунияти одам ВНМО (ВИЧ/СПИД) ҳамсуҳбат гардид.

Тавре Д. Сайбурҳонов  иброз намуд, лоиҳаи  Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба вируси норасоии масунияти одам барои солҳои 2017-2020 аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки фаъоли намояндагони дигар вазорату идораҳои дахлдор, инчунин агентиҳои СММ, ташкилотҳои байналмилалию ҷамъиятӣ, иттиҳодияҳои шахсони бо вируси норасоии масунияти одам зиндагикунанда, сохтори хусусӣ ва ғайра таҳия гардидааст.  Барнома ҳадафҳои асосии «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2010-2020»-ро инъикос намуда, чораҳоро баҳри таъмини дастрасии  аҳолӣ ба пешгирӣ, табобат, нигоҳубин ва дастгирӣ вобаста ба сирояти ВНМО дар бар мегирад. Барнома дар фаъолияти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ба даст овардани Ҳадафҳои рушди устувор саҳмгузор хоҳад буд.

Ҳамчунин мусоҳиб иброз намуд, ки ҳадафи асосии лоиҳаи Барнома таъмини дастрасии баробар ва умумии аҳолӣ ба хизматрасонии босифат оид ба пешгирӣ, табобат, нигоҳубин ва дастгирӣ вобаста ба сирояти ВНМО ба шумор меравад. Лоиҳаи барномаи пешниҳод гардида аз 6 самти афзалиятноки фаъолият, аз ҷумла, пешгирии ВНМО, тесткунонӣ оид ба  ВНМО ва ҳамбастагӣ бо тартиби пешниҳоди кумак, табобат ва расонидани кумак вобаста ба сирояти ВНМО, бехатарии хун ва назорати сироятҳо, мустаҳкам намудани низоми тандурустӣ ва шароити мусоид иборат буда, ҳар яке аз самтҳои афзалиятноки он вазифаи асосии худро доро мебошанд.

«Ин  Барнома вобаста ба ҳолати эпидемиологии сирояти вируси норасоии масунияти одам дар кишвар, таҳлили маълумот оид ба фаъолияти соҳа нисбат ба пешгирии ин сироят, ки дар доираии ҷрои барномаи қаблӣ дар солҳои 2011-2015 амалӣ гардида буданд, таҳия шудааст.  Тоҷикистон   соли 2001 «Аҳдномаи пайравӣ ба фаъолиятҳоро дар самти мубориза бо вируси норасоии масунияти одам» қабул намуда, дар қатори дигар давлатҳои дунё яке аз аввалинҳо шуда, «Стратегияи миллии рушд»-ро, ки дар он мубориза бар зидди ин эпидемия дар мувофиқа бо Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола нишон дода шудааст, таҳия ва мавриди амал қарор дод»,-иброз дошт Дилшод Сайбурҳонов.

Инчунин номбурда илова намуд, ки дар доираи иҷрои барномаи қаблӣ дар ҷумҳурӣ, ки буҷаи  он ба 141 миллиону 927 ҳазору  799 доллари амрикоӣ баробар буд ва норасоии он 30,6% -ро ташкил медод, дар самти пешгирии ин сироят корҳои зиёд ба анҷом расонида шуда, дар коҳиш додани сарбории эпидемияи вируси норасоии масунияти одам ва беҳтар гардидани ҳолати эпидемикии ин сироят дар кишвар заминаи мусоид фароҳам овард. Дар ин давра заминаи моддию техники муассисаҳои соҳаи тандурустӣ беҳтар гардида, тамоми имкониятҳо баҳри дарёфту муайянсозӣ, пешниҳоди табобатҳои махсус ва назорату расонидани кумакҳои палиативӣ ба беморону сироят ёфтагони вируси норасоии масунияти одам фароҳам оварда шуданд.

Тибқи маълумоти омори расмӣ, то 1 январи соли равон шумораи умумии  сироятёфтагони  ВНМО (аз соли 1991) дар ҷумҳурӣ 8 ҳазору 750 ҳодисаро ташкил дод. Аз ин шумора 5 ҳазору 897 нафар (67,4%) дар байни мардон ва 2 ҳазору 853 нафар (32,6%) дар байни занон ба қайд гирифта шудаанд. Аз шумораи умумии сироятёфтагон бо сабабҳои гуногун, аз ҷумла аз бемории пайдошудаи норасоии масуният 1 ҳазору 968 (22,5%) нафар фавтидаанд. Шумораи шахсони бо ВНМО зиндагикунанда дар моҳи январи соли 2016 дар ҷумҳурӣ 6 ҳазору 782 нафарро ташкил дод, ки 5 ҳазору 372 нафари онҳо таҳти назорати диспансерӣ қарор дошта, ба онҳо табобати зидди ретровирусӣ таъйин карда шудааст.

Ба гуфти Д. Сайбурҳонов, айни замон 4 ҳазору 2 нафар сироятёфтагони ВНМО табобатро идома дода,  дар 78,2% онҳо пастшавии сарбории вирусӣ ба мушоҳида мерасад. Тамоми дорувориҳо ба таври ройгон ба ниёзмандон пешниҳод гардида, онҳо асосан дар доираи иҷрои барномаи Хазинаи глобалӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷумҳурӣ ворид мешаванд.

«Яке аз масъалаҳое, ки боиси нигаронист, ин гузаштани сироят аз модар ба кўдак мебошад. Зикр кардан ба мавридаст, ки аксарияти сироятёфтагон оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ мебошанд. Шурўъ аз соли 2011 дар ҷумҳурӣ гузаронидани ташхиси занони ҳомиладор оид ба дарёфти саривақтии вируси норасоии масунияти одам оғоз шуд. Дар солҳои охир зиёда аз 80 фоизи занони ҳомила дар ҷумҳурӣ ба тесткунонӣ фарогирифта мешаванд. Ин сабаб гардид, ки дар байни миқдори муайяни занони ҳомиладор мавҷудияти сирояти вируси норасоии масунияти одам аниқшуда, чораҳои пешгирии сирояти вируси норасоии масунияти одам аз модар ба кўдак амалӣ гардонида шаванд. Дар ин давра ҳамагӣ 850 ҳолати ҳомиладории занони сироятёфтаи ВНМО ба қайд гирифта шудааст», — илова намуд Д.Сайбурҳонов.

«Амалишавии бо муваффақияти барнома, ки ба пешгирӣ ва мубориза бар зидди сирояти ВНМО равона гардидааст, сафарбаркунии иқтидори кадрӣ ва дарёфти маблағҳоро аз буҷаи маҳаллӣ ва сарчашмаҳои байналмилалӣ талаб менамояд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирии молиявии худро нисбат ба амалисозии барномаи мазкур аз ҳисоби маблағҳои пешбинигардидаи буҷети давлатӣ ба сохтори тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва ташкилотҳои буҷавӣ, ки дар самти мубориза ва пешгирии ВНМО/БПНМ фаъолият менамоянд, идома медиҳад», -афзуд Д.Сайбурҳонов.

                                                                                     Ибодат ДАВЛАТОВА

Март 14, 2017 10:45

Хабарҳои дигари ин бахш

ЭҲЁИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Бо Пешвои миллати фарҳангдӯст ва ҳунарпарварамон ифтихор дорем
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДОНИШҶӮЁН. Ҷавонони тоҷик дар донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳон таҳсили намунавӣ менамоянд
ИМРӮЗ-РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Имсол Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон раёсати Шурои иттифоқҳои касабаи Осиёи Марказиро ба уҳда дорад
«ХОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ҳадафи озмун аз густариши эҳтиром нисбат ба арзишҳо, суннат ва адабу русуми миллӣ иборат аст
Валид ибни Абдураҳмон ар-Решайдон: «Робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ густаришу равнақи бештар меёбанд»
Зебо Баротова: «Мехоҳам бо маблағи гранти президентӣ ба занони бешуғл ҳунар омӯзонаму онҳоро ба кор ҷалб намоям»
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ СУЛҲ. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар ҷаҳони муосир мавриди омӯзиши васеъ қарор дорад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Агар волидон то 3 моҳ барои кӯдак шаҳодатномаи таваллуд нагиранд, ҷарима пардохт менамоянд
Сафири Амрико дар Тоҷикистон Мануэл Микаллер: «Давоми панҷ соли охир Тоҷикистон дар роҳи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ устуворӣ ва азми пойдор нишон дод»
Хуршед Файзуллозода: «Ҳадафи Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ вусъат бахшидани раванди амалӣ намудани «ҳукумати электронӣ» аст»
Мавзуна Чориева: «Аз варзишгарони тоҷик умеди зиёд дорем, ки дар Бозиҳои олимпии Париж-2024 ба дастовардҳои назаррас ноил мегарданд»
ТОҶИКИСТОНУ ЧИН ШАРИКОНИ ҲАМАҶОНИБАИ СТРАТЕГӢ МЕБОШАНД. Нашри мусоҳибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ВАО-и расмии Чин