Аз дуздӣ дар идораи букмекерӣ то сангҳои қиматбаҳои табиӣ
ДУШАНБЕ, 02.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Ба мақомоти милитсия аз ҷониби марди 43-солаи сокини шаҳри Бӯстон, соҳибкори инфиродӣ муроҷиат ворид гардид, ки шаби 12 ба 13-уми феврали соли 2017 шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили нуқтаи идораи «Букмекерӣ», воқеъ дар кӯчаи Рӯдакии ноҳияи Ҷаббор Расулов 1 ҳазору 661 сомонӣ маблағи пулӣ ва як адад телефони мобилии тамғаи «Самсунг»-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикстон хабар доданд, вобаста ба ҷинояти дуздии мазкур аз ҷониби кормандони милитсия зимни гузаронидани тадбирҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ду нафар писарбачаи ноболиғи 17-солаи сокинони ноҳияи мазкур дастгир карда шуданд.
Ҳамчунин дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия марди 52-солаи сокини ноҳияи Муъминободро бо гумони муомилоти ғайриқонунӣ бо сангҳои қиматбаҳои табиӣ дастгир намуданд.
Ҳангоми азназаргузаронии хонаи истиқоматии гумонбаршуда 5 адад сангҳои қиматбаҳо дарёфт ва мусодира карда шуданд. Мувофиқи ташхиси иёргарӣ 2 адади сангҳои мазкур лаъли асил ва 3 ададаш лаъли сурх мебошанд, ки вазни умумиашон 7,072 граммро ташкил медиҳад.
Нисбат ба ҷиноятҳои содиршуда корҳои тафтишотӣ идома доранд.








«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






