Барқияи табрикии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Малайзия Моҳд Наҷиб бин Тун Ҳоҷи Абдул Разоқ

Март 16, 2017 10:28

ДУШАНБЕ, 16.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Малайзия Моҳд Наҷиб бин Тун Ҳоҷи Абдул Разоқ барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Сарфарозам Шуморо ба муносибати 25-солагии ба роҳ мондани робитаҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Малайзия табрику муборакбод намоям.

Бо ишора ба натиҷаҳои мулоқоти мову Шумо дар ҳошияи Форуми умумиҷаҳонии исломии иқтисодӣ, изҳори боварӣ мекунам, ки муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманди миёни кишварҳоямон дар оянда низ бо талошҳои пайгиронаи муштараки мо густариш хоҳанд ёфт.

Барои пешбурди ин раванди самарабахш мо омодаем, ки муколамаи мунтазами сиёсии миёни кишварҳоямонро, аз ҷумла дар сатҳи олӣ, тақвияти бештар бахшем.

Ба Шумо, ҷаноби Сарвазир, саломатии комил, саодату комёбиҳои нав ба нав ва ба мардуми дӯсти Малайзия сулҳу амонӣ ва шукуфоии рӯзафзун орзумандам».

Март 16, 2017 10:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон