Бародарони заминфурӯш ба даст афтоданд
ДУШАНБЕ, 14.03.2017./АМИТ «Ховар»/. Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз боздошти раиси хоҷагии деҳқонии «Бобои Мерган»-и ноҳияи А. Ҷомӣ Абдумутолиб Пиров ва бародараш Мирзомуддин Пиров барои гирифтани пора ба маблағи калон хабар медиҳад.
Тавре ки дар сомонаи Агентии мазкур омадааст, зимни баррасии аризаи шаҳрванд «А» муайян гардид, ки Абдумутолиб Пиров аз 05.05.2007 то ин ҷониб дар вазифаи раиси хоҷагии деҳқонии «Бобои Мерган»-и ноҳияи А. Ҷомӣ кор карда, бо маслиҳати пешакӣ бо бародараш Мирзомуддин Пиров моҳи феврали соли 2015 бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд «А» даромада, ӯро бовар кунонидаанд, ки бар ивази маблағи 5000 доллари ИМА ба миқдори 0.06 га қитъаи замини наздиҳавлигиро аз заминҳои хоҷагии деҳқониашон, воқеъ дар деҳаи Файзободи ҷамоати деҳоти Иттифоқ ҷудо ва ҳуҷҷатгузорӣ карда медиҳанд.
Шаҳрванд «А» ба суханони онҳо бовар намуда, ба бародарон 2000 доллари ИМА ва 20000 рубли русӣ медиҳад. Бародарон маблағи мазкурро тасарруф намуда, ба манфиати худ истифода намудаанд.
Нисбат ба А. Пиров ва М. Пиров бо моддаи 247 қисми 3 банди «а»-КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакии он идома дорад.








Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд






