Бо омилҳои коррупсионӣ муборизаи беамон бояд бурд
ДУШАНБЕ, 02.03.2017/АМИТ «Ховар»/. Роҳу усулҳо ва омилҳои асосии ҷилавгирӣ аз зуҳуроти номатлуби коррупсионӣ зимни вохӯрии намояндагони масъули Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати кормандони дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид.
Дар вохӯрӣ Нигора Аминзода, сардори Раёсати 2-юми Сарраёсати пешгирии коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бартараф намудани сабаб ва омилҳое, ки ба содир намудани ҷиноят ва ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ мусоидат мекунанд ва таъмини иҷрои Фармони Президенти кишвар «Дар бораи Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020», инчунин оид ба нақшаи чорабиниҳои Сарраёсати Агентӣ ибрози назар намуд.
Таъкид шуд, ки ҷилавгирӣ ва муборизаи беамон зидди омилҳои коррупсионӣ яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати мамлакат маҳсуб ёфта, дар ин самт дар асоси санадҳои меъёрию ҳуқуқие, ки аз сӯи Ҳукумати ҷумҳурӣ қабул гардидаанд, тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Таъкид гардид, ки дар самти татбиқи «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» бояд тамоми вазорату идораҳо ва сохторҳои марбутаи кишвар саҳми муносиб гузошта, бобати решакан кардани ин зуҳуроти номатлуб муборизаи оштинопазир баранд.








Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид






