Боздиди намояндагони IFC аз Вазорати рушди иқтисод ва савдо
ДУШАНБЕ, 10.03.2017/АМИТ «Ховар»/. Ҳадаф ва афзалиятҳои «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» дар мулоқоти Неъматулло Ҳикматуллозода, Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Аймилиос Чатзиниколаоус намояндаи Ташкилоти Байналмилалии Молиявӣ (IFC) дар Душанбе баррасӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар иттилоъ доданд.
Дар мулоқот ҳамзамон доир ба «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020», раванди татбиқи се ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ноил гардидан ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқавории кишвар ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон баррасӣ гардиданд.
Инчунин мусоҳибон масъалаҳои марбут ба рушди бахши хусусӣ, ҷалби сармоягузорӣ, таъмини ҷойҳои нави корӣ, дастгирии истеҳсолкунандагони ватаниро матраҳ намуда, ҳавасмандии худро ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкории дуҷониба дар бахшҳои афзалиятдошта баён доштанд.








Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид






