Дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат озмуни маърифатӣ-зеҳнии «Арўси наврўзӣ» доир шуд

Март 7, 2017 10:58

ДУШАНБЕ, 7.03.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба оғози фасли баҳор, ҳамчунин Рӯзи Модар ва ҷашни байналмилалии Наврӯз даври аввали озмуни маърифатӣ- зеҳнии «Арӯси наврӯзӣ» баргузор гардид.
Дар озмун донишҷӯдухтарони донишкада аз рӯи шартҳои пешниҳодгардида ҳунари хешро нишон дода, собит намуданд, ки онҳо дорои истеъдод ва салиқаи хос ҳастанд. Шартҳои озмун аз нишон додани ҳунари кадбонугӣ, намоиши либоси миллӣ, дарзмолкунӣ ва саволу ҷавоб иборат буд.
Ҳамчунин зимни озмун дастаи ҳунарии донишкада баҳри болидагии хотири бонувону иштирокчиён ҳунарнамоӣ намуд.
Дар ҷамъбасти озмун ғолибон муайян гардида, Шаҳноза Умарова, донишҷӯи курси дуюми факултети баҳисобгирӣ ва иқтисодӣ ва Мадина Хидирова, донишҷӯи курси якуми факултети хизмати молиявӣ сазовори ҷои аввал гардиданд.

Март 7, 2017 10:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст