Дар Душанбе ва Хуҷанду Қӯрғонтеппа оид ба ҳамгироии кишварҳои минтақаи АвруОсиё маҳфилҳои байналмилалӣ гузаронида мешаванд

Март 30, 2017 09:55

ДУШАНБЕ, 30.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Аз 3 то 5 апрели соли равон дар Тоҷикистон оид ба тавсеаи ҷараёни ҳамгироии кишварҳои Осиёи Марказӣ маҳфилҳои байналмилалӣ баргузор мегарданд. Тибқи иттилои расмии намояндаи Сафорати Федератсияи Россия дар Тоҷикистон, ин маҳфилҳо бо ташаббуси ташкилоти ҷамъиятии «Пажӯҳишгоҳи тадқиқоти Авруосиёӣ», Намояндаи тиҷоратии Федератсияи Россия дар Тоҷикистон ва дастгирии Сафорати Россия амалӣ мешаванд. Аз ҷумла, 3 апрел дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров ва 4 апрел дар бинои «Душанбе-Плаза» дар мавзӯи «Имкониятҳои ҳамкории иқтисодӣ ва гуманитарии Тоҷикистон бо кишварҳои лоиҳаи ҳамгироии АвруОсиё» ҳамоишҳо баргузор мегарданд. Ҳамчунин 5 апрел дар маркази вилояти Хатлон — шаҳри Қурғонтеппа дар толори Донишкадаи давлатии энергетикии Тоҷикистон оид ба «Амният ва суботи иқтисодии Тоҷикистон дар партави рушди тавсеаи Авруосиёӣ» барпо намудани маҳфили коршиносон дар назар дошта шудааст.
Дар маҳфилҳо намояндагони мақомоти расмии ҳокимияти давлатӣ, дипломатҳо, сиёсатшиносон, олимону коршиносон, кормандони ВАО-и Россия, Қазоқистон, Қирғизистон ва дигар кишварҳои минтақа иштирок мекунанд. Дар назар дошта шудааст, ки иштирокдорони ҳамоишҳо мухталифи ҷараёни ҳамгироӣ, мушкилоти мавҷуда ва дигар омилҳоеро, ки садди роҳи ҳамгироии кишварҳо шудаанд, мавриди баррасӣ қарор дода, роҳҳои беҳтар ва барои ҳамаи кишварҳо судмандро таҳия ва пешниҳод мекунанд. Боз ҳам беҳтар намудани муносибатҳои тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистону Россия дар партави тавсеаи ҷараёни ҳамгироии кишварҳои минтақа аз мавзӯъҳои асосии ҳамоишҳои мазкур дониста шудааст.

Март 30, 2017 09:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа