Дар Файзобод бахшида ба Рӯзи Модар озмуни «Кадбонуи беҳтарин» баргузор шуд

Март 8, 2017 09:18

ФАЙЗОБОД, 08.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Қасри фарҳанги  ноҳияи Файзобод бахшида ба Рӯзи Модар даври дуюми озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» доир гардид. Дар  озмуни мазкур нуҳ ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳия  иштирок намуданд. Раиси ноҳия дар ин чорабинии фарҳангӣ ҳамаи модарони ноҳияро бо иди саид табрик намуда, барояшон хушбахтии зиндагӣ ва зиндагии орому саодатманд таманно намуда, ба бонувони фаъол ва ғолибони озмуни «Кадбонуи беҳтарин» ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.
Дар чорабинӣ зикр гардид, ки дар замони соҳибистиқлолӣ бо шарофати сиёсати созандаи роҳбарияти мамлакат занону модарони тоҷик ҳамсафу ҳамқадами замон буда, рисолати модариву қарзи шаҳрвандии худро дар густаришу такмил додани арзишҳои наҷибу волои инсонӣ, талқини андеша ва ҳувияти миллӣ, таҳкими худогоҳиву худшиносӣ ва ватандориву ватандӯстӣ бо камоли масъулият адо менамоянд ва сазовори эҳтироми аҳли ҷомеа гардидаанд.

Март 8, 2017 09:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд