Дар ноҳияи Файзобод ба муносибати иди Наврӯз ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
ФАЙЗОБОД, 20.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар муассисаи рақами яки ноҳияи Файзобод ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд.
Дар ҷамъомад омӯзгорони собиқадор оид ба таҷлили Наврӯзи Аҷам ва аҳамияти ҷаҳонии он суханронӣ намуда, хонандагонро бо ин рӯзи фархунда табрик намуданд. Директори муассисаи мазкур Меҳриддин Содиқов иброз намуд, ки дар даврони истиқлолият мардуми тоҷик ин ҷашни аҷдодиро ҳамасола бо рӯҳияи тоза истиқбол мегиранд, вале мо дар баробари ифтихор кардан аз ҷаҳонишавии Наврӯз бояд барои дар сатҳи баланд таҷлил ва эҳё намудани суннатҳои ахлоқиву маънавӣ ва фарҳангиву миллии ин ҷашни бошукӯҳ иқдоми бештар нишон диҳем.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






