Дар Россия Бозиҳои XII Делфии ҷавонони давлатҳои ИДМ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 17.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Екатеринбурги вилояти Свердловски Федератсияи Россия аз 18 то 23 апрели соли 2017 бахшида ба эълон гардидани Соли оила дар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, дар доираи лоиҳаи фарҳангии «Бозиҳои Делфӣ-2017» Бозиҳои XII Делфии ҷавонони давлатҳои ИДМ баргузор мегарданд.
Тавре аз Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар бозиҳо Ҷумҳурии Тоҷикистонро 16 нафар ҳунармандони ҷавон дар бахши мусиқии касбӣ аз рӯи равияҳои академӣ, овозхонии операвӣ, созҳои миллӣ ва фортепиано ва се нафар мутахассисони мусиқии касбии байналмилалӣ муаррифӣ менамоянд.
Хотиррасон менамоем, ки тибқи қарори Шӯрои сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баҳри ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2016-2020, ҳамасола баргузории Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил пешбинӣ гардидаанд.
Фаъолияти Кумитаи байналмилалии Бозиҳои Делфӣ аз ҷониби 65 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ гардидаааст.
Яке аз самтҳои афзалиятноки баргузории Бозиҳои Делфӣ дарёфти ҷавонони соҳибистеъдод, ҳавасмандгардонии фаъолияти эҷодӣ ва баланд бардоштани сатҳи зебоишиносӣ ва маънавиёти наврасону ҷавонон, инчунин тарғиби арзишҳои фарҳанги миллӣ мебошад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд






