Дар шаҳри Ваҳдат бахшида ба Соли ҷавонон вохӯрӣ доир гардид
ВАҲДАТ, 15.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 дар маркази Ҷамоати деҳоти Бозорбой Бурунови шаҳри Ваҳдат вохӯрии гурӯҳҳои кории шаҳр бо ҷавонони ҳудуди ҷамоат доир гардид.
Дар вохӯрӣ раиси ҷамоат Неъматулло Бобоев иброз намуд, ки наврасону ҷавонони моро зарур аст, аз сиёсати ғамхоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон огоҳ гардида, ҷавобан ба ин дастгириҳо тамоми саъю талоши хешро ба донишандӯзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан, рушди илму техника ва бунёдкорӣ равона созанд.
Ҳадафи вохӯриҳо муттаҳидии насли ҷавон, мустаҳкам намудани риштаи дӯстӣ миёни ҷавонон ва дар якҷоягӣ мубориза бурдан бар зидди омилҳои номатлуби ҷомеа мебошад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад






