Фарҳод Раҳимӣ: «Мақсади асосии мо шаффоф гузаронидани олимпиада мебошад»
ДУШАНБЕ, 10.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Соли ҷавонон ва бо мақсади баланд бардоштани шавқу ҳаваси донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ ба омўзиши илмҳои муосир, ташаккули тафаккури илмӣ ва техникии онҳо, инчунин дарёфти донишҷўёни лаёқатманд ҷиҳати ҷалби онҳо ба соҳаҳои илм олимпиадаи донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ барои дарёфти «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз гардид.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар олимпиадаи мазкур донишҷўёни зинаи бакалавр ва мутахассиси курсҳои 1-5-уми муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз рӯи илмҳои математика, физика, астрономия, химия, геология, биология, иқтисодиёт, технологияҳои иттилоотӣ, забон ва адабиёти тоҷик, таърих, фалсафа, ҳуқуқ ва сиёсатшиносӣ иштирок доранд.
«Соли 4-ум аст, ки чун анъана мо дар байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ барои дарёфти «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» озмун мегузаронем. Мо тамоми имконот ва шароитеро, ки дар даст дорем, пеш аз ҳама барои шаффоф баргузор гардидани ин озмун сафарбар кардаем. Ба ин хотир раисони комиссияҳои фаннии озмун олимони шинохтаи кишвар мебошанд, ки имрӯз роҳбарияти институтҳои илмӣ-тадқиқотии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро бар дӯш доранд, ки ин барои шаффоф баргузор гардидани озмун замина фароҳам хоҳад овард»,- иброз дошт Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.
«Дар даври якуми олимпиадаи мазкур, ки дар 28 муассисаи таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ баргузор гардид, зиёда аз 260 нафар ғолибон барои иштирок дар даври ниҳоӣ, ки дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида истодааст, пешниҳод шудаанд»,-зикр шуд дар оғози олимпиадаи мазкур.
Раҳматулло Мирбобоев, муовини якуми Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дилноза Аҳмадзода, муовини Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таваҷҷуҳ ва ғамхории давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон, ки қишри асосии кишварро ташкил медиҳанд, ёдовар шуда, онҳоро ба омӯхтани илмҳои дақиқ, муосир ва забонҳои хориҷӣ даъвар намуданд.
Раҳматулло Мирбобоев зикр кард, ки «иштироки ҷавонони соҳибилм ва бомаърифат дар давраи ниҳоии олимпиада гувоҳи он аст, ки шумо ғолибиятро ба даст овардаед. Пас аз ба даст овардани ғолибияти умумӣ дар ин олимпиада, шумо имкон пайдо мекунед, ки дар зинаҳои магистратура ва аспирантураи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил намуда, ба унвонҳои илмӣ мушарраф гардед».
Ғолибони олимпиада аз рӯйи натиҷаҳои холҳо муайян карда шуда, ба ғолибони ҷойи якум дар ҳар як соҳаи илм «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» супорида мешавад.
Инчунин иштирокчиёни давраи ниҳоии олимпиада, ки дар соҳаҳои мухталифи илм ҷойҳои чорум ва панҷумро ишғол менамоянд, бо «Ифтихорномаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида мешаванд.











Доир ба вазифаҳои илми муосири иқтисодӣ конференсия баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Сарфаҷӯии неруи барқ яке аз омилҳои таъмини амнияти энергетикии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, чангу ғубор ба амал меояд
Форуми ҷавонони Созмони ҳамкории Шанхай дар Душанбе баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон хокбориш ба амал меояд
Масъулини Сафорати Тоҷикистон дар Русия бо фаъолони ҷамъиятӣ ва донишҷӯёни тоҷики муассисаҳои таҳсилоти олии шаҳри Қазон мулоқот намуданд
Федератсияи футболи Тоҷикистон дараҷаи тиллоии Хартияи футболи оммавии Конфедератсияи футболи Осиёро ба даст овард
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«МегаФон Life»: Навсозиҳо ҳаётро сабуктар менамоянд
Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Тоҷикистон IRS 17 400 тонна маводи зиддилағзиш захира намудааст






