Густариши робитаҳои муасисаҳои олии вилояти Суғд бо донишгоҳҳои Латвия

Март 14, 2017 16:09

ДУШАНБЕ, 14.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари кории ҳайати намояндагони Парлумони Ҷумҳурии Латвия бо роҳбарии Вейко Сполитис ба вилояти Суғд  бо иштироки панҷ сарвари муассисаҳои олии касбии вилоят дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд меморандуми ҳамкорӣ байни муассисаҳои олии Ҷумҳурии Латвия ва муассисаҳои олии вилоят имзо карда шуд.

Тавре аз донишкадаи мазкур хабар доданд, дар ҷараёни мулоқот бо сарварони муассисаҳои олии вилоят Вейко Сполитис ва Евгений Грузновс, намояндаи муассисаҳои олии Ҷумҳурии Латвия дар минтақаи Осиё  аз сатҳи ҳамкории кишвари Латвия бо Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, афзуд, ки мо бо таърихи куҳану фарҳангии тоҷикон аз осори гаронмояи академик Бобоҷон Ғафуров ошноӣ пайдо кардаем.

Меҳмонон бо роҳбаладии директори ДПДТТ Дилафрӯз Саидӣ аз ҷараёни таълиму тарбия, ҳолати пойгоҳи техникии Донишкадаи политехникӣ дидан намуда, ба фаъолияти озмоишгоҳҳо,  китобхонаву низоми иттилоотии донишкада баҳои баланд доданд.

Вейко Сполитис зимни суҳбат изҳори қаноатмандӣ намуд, ки низоми идоракунии донишкада на дар ҳамаи муассисаҳои олии пешрафтаи ҷаҳонӣ амал мекунад. Номбурда барои равобити густурдаи донишкада бо муассисаҳои олии техникии Ҷумҳурии Латвия таклифҳои мушаххас дод.

Каспарс Клявиниш, доктори илмҳои техникӣ, профессори Донишгоҳи техникии шаҳри Рига аз таҷрибаи пешрафтаи донишкада дар самти навовариҳо гуфт, ки донишкада дар ояндаи наздик метавонад устодони донишкадаро ба Ҷумҳурии Латвия фиристад.

Ёдовар мешавем, ки сафари кории  ҳайати Парлумони Ҷумҳурии Латвия дар вилояти Суғд чанд рӯз идома ёфта, онҳо аз   Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ва дигар мавзеъҳои таърихии вилоят дидан намуданд.

 

Март 14, 2017 16:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд