Ифтитоҳи бинои истиқоматӣ дар шаҳри Хуҷанд ва иштирок дар базми наврӯзии 500 кӯдаки ятим

Март 23, 2017 13:10

ДУШАНБЕ, 23.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи 34-уми шаҳри Хучанд як бинои 9 — ошёнаи истиқоматиро бо марказҳои савдою хизматрасонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншооти мазкур бо харҷи 15 миллиону 286 ҳазор сомонӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Аюб Тоҳиров сохта ба истифода дода шудааст. Корҳои сохтмониро дар бинои 9 — ошёна коргарону мутахассисони ватанӣ ба анҷом расондаанд ва иншооти мазкур аз нигоҳи меъёрҳои меъморӣ ба талаботи замони муосир ҷавобгу мебошад.

Бинои истиқоматӣ дорои 50 хона, аз ҷумла 10 хонаи якҳуҷрагӣ, 18 дуҳуҷрагӣ, 10 сеҳуҷрагӣ ва 12 хонаи чорҳуҷрагӣ аст. Дар ошёнаҳои 1 ва 2 марказҳои савдо ва хизматрасонӣ ҷойгир мебошад.

Зимни шиносоӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити манзилҳои зист ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, иқдоми пешгирифтаи соҳибкорро дар самти бунёдкорию ободонӣ иқдоми шоиста арзёбӣ карданд.

Баъди ифтитоҳи бинои баландошёнаи истиқоматӣ дар ҳамин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даҳ нафар аз оилаҳои маъюб калиди хонаҳои истиқоматиро тақдим намуданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкори ватандўст Аюб Тоҳиров барои анҷоми кори хайр, иқдоми наҷибу савоб дар рӯзҳои таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз, изҳори сипос карданд.

Оилаҳои маъюбе, ки дар ин бинои хуштарҳу замонавӣ соҳиби хонаҳои барҳаво гардиданд, ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи супосу миннатдорӣ карданд.

Дар ошёнаи якуми бинои истиқоматӣ барои 450 нафар ятимони кул дастурхони наврӯзӣ ороста шуда, ҳамзамон хатнасури 50 нафар кӯдак аз оилаҳои ниёзманд баргузор гардид. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳама кӯдаконро ба муносибати фарорасии ҷашни байналмилалии Наврўз табрику таҳният гуфта, ба онҳо тӯҳфаҳои арзанда тақдим намуданд.

Март 23, 2017 13:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон