Ифтитоҳи бинои нави таълимии мактаби № 14-и деҳаи Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Март 23, 2017 10:41

ДУШАНБЕ, 23.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи аввали сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд аз мавриди баҳрабардорӣ қарор додани бинои нави таълимии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 14-и деҳаи Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оғоз гардид.
Сарвари давлатро дар саҳни бинои мактаби мазкур хонандагону устодони ин даргоҳи таълимӣ самимона истиқбол гирифтанд. Сипас дар вазъи мутантан бо буридани лентаи рамзӣ Пешвои миллат ба фаъолияти бинои нави таълимии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 14 оғоз бахшиданд.
Сарвари давлат ҳангоми боздид аз синфхонаҳои мактаб ва шиносоӣ бо шароиту имкониятҳои дар он мавҷудбуда иброз намуданд, ки бинои мактаб дар муҳлати кӯтоҳ, яъне 9 моҳ пурра сохта ва мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст. Дар мактаби мазкур ба ғайр аз бинои нав биноҳои кӯҳна низ фаъол буда, дар маҷмӯъ 1900 хонанда ба таълим фаро гирифта мешаванд. Дар муассисаи таълимии мазкур 130 омӯзгори соҳиби маълумоти олӣ фаъолият доранд.
Воқеан бинои нави таълимии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 14 намои хеле зебо дошта, бо тарҳу услуби меъмории ҳозиразамон бунёд ёфтааст. Бинои мактаб сеошёна буда, он барои 1080 ҷойи нишаст бо назардошти таҳсил дар 2 баст тарҳрезӣ карда шудааст. Дар бинои асосии мактаби нав утоқҳои кории муаллимон ва 18 синфхонаи фаннӣ, аз ҷумла синфхонаҳо аз фанҳои астрономия, физика, химия ва информатика, ки бо тамоми лавозимоти таълимии ҳозиразамон муҷаҳҳаз шудаанд, ҷойгиранд.
Бинои мактаби нав дорои толори варзишии барҳаво низ мебошад, ки он барои бозиҳои волейбол, баскетбол, теннис ва футболи хурд пешбинӣ шудааст. Барои тамошобинон бошад 200 ҷойи нишаст ташкил карда шудааст. Дар ҳавлии мактаб инчунин ду майдончаи варзишӣ барои бозиҳои волейбол ва баскетбол ҷойгир мебошад. Бояд гуфт, ки бинои мактаби нав аз ҷониби ҶДММ Раёсати сохтмонии «Барқарор» дар муддати кӯтоҳ бо харҷи 8,5 миллион сомонӣ бунёд гардидааст.
Пас аз мавриди баҳрабардорӣ қарор додани бинои нави таълимии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хонандагону омӯзгорон, аҳли ҷамоатчигӣ ва фаъолони ноҳия мулоқоти самимона анҷом доданд.
Сарвари давлат дар суханронии худ зикр карданд, ки соҳаи маориф дар сиёсати давлат аз бартариятҳои хоса бархурдор мебошад. Сабаб дар он аст, ки ба воситаи муассисаҳои таълимӣ, аз боғча сар карда, то мактаби миёнаю донишгоҳу донишкада мо насли соҳибмаърифатро ба воя мерасонем, ки дар оянда мутахассиси касбӣ шуда, саҳмашонро барои пешрафти кишварамон гузоранд.
Дар вохӯрӣ ҳамчунин хонандагон ва сокинон низ ба сухан баромада, миннатдории хешро ба Сарвари давлат барои бунёди ин мактаби наву замонавӣ ва умуман корҳои бузурги ободонию созандагӣ дар ҷумҳурӣ баён намуданд.

Март 23, 2017 10:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои амният баргузор гардид
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Абдулло Ориповро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Ермек Кошербаевро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор қонунҳо имзо гузоштанд
Паёми табрикотии видеоӣ ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба муносибати оғози Соли нави чинӣ – Иди Баҳор
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Сармоягузориҳои Инфрасохторӣ Тсзоу Ҷиайиро ба ҳузур пазируфтанд
Шарҳи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мулоқоту чорабиниҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои наздик
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Президент ва Сарвазири Покистон барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025