Илёсиддин Камолиддинзода бо Хоулли Беннер масъалаҳои рушди бахши хусусӣ ва минтақаҳоро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 02.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз Илёсиддин Камолиддинзода, муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати коршиносони Бонки ҷаҳонӣ таҳти роҳбарии Хоулли Беннер мулоқот анҷом дод.
Тавре аз Хадамоти матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо атрофи ҳадаф ва афзалиятҳои «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020», инчунин масъалаҳои вобаста ба рушди бахши хусусӣ, рушди минтақаҳо ва ғайра мубодилаи афкор намуданд.
«Дар анҷоми вохӯрӣ тарафҳо азми қавии худро ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкорӣ байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ баён доштанд»,-хабар доданд аз Вазорати рушди иқтисод ва савдо.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






