Имрӯз дар аксар ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳавои бебориш дар назар аст
ДУШАНБЕ, 17.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Мувофиқи пешгӯии ҳавошиносон имрӯз, 17 март дар аксар ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар дошта шудааст.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар доданд, ҳаво дар қаламрави ҷумҳурӣ рӯзона то 23 дараҷа ва шабона то 1-6 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Аз ҷумла, бар асоси пешгӯии обуҳавошиносон ҳарорати ҳаво дар вилояти Суғд рӯзона 12-17, шабона 1-6 дараҷа гарм мешавад. Дар вилояти Хатлон рӯзона 18-23, шабона 3-8 дараҷа гармиро ташкил хоҳад дод. Дар навоҳии тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда дар назар дошта шуда, шабона борони кӯтоҳмуддат дар назар аст.
Ҳаво рӯзона 15-20 дараҷа, шабона 1-6 дараҷа гарм мешавад. Дар ғарби ВМКБ боришот дар назар дошта шуда, ҳаво рӯзона 2-7 дараҷа гарм ва шабона 2-7 дараҷа хунук хоҳад шуд.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар дошта шуда, ҳарорат шабона 2-4 ва рӯзона 18-20 дараҷа гарм мешавад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






