Китоби «Ас-саводу-л-аъзам» нашр шуд

Март 20, 2017 11:12

ДУШАНБЕ, 20.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи фарорасии Наврӯзи хуҷастапай китоби «Ас-саводу-л-аъзам»-и Абулқосим Ҳакими Самарқандӣ – яке аз сарчашмаҳои қадими мардуми Мовароуннаҳру Хуросонро дар баёни ақоиди аҳли суннат ва ҷамоат ба чоп расонид.

Асар аз намунаҳои куҳантарини наср ва сабки тарҷумонии порсизабонон аст. Муаллиф мавқеи мазҳаби ҳанафии аҳли суннат ва ҷамоатро ба забони шевои тоҷикӣ доир ба масъалаҳои эътиқодӣ бо далелу бурҳонҳои нақлию ақлӣ ва сабки равону сода баён кардааст. Ин китоб матни муфассали «ас-Саводу-л-аъзам», «Мунтахаби тарҷумаи «ас-Саводу-л-аъзам»-и Хоҷа Муҳаммади Порсо ва рисолаи хурде  «Дар баёни имон»-и Ҳакими Самарқандиро дарбар мегирад, ки бо таҳқиқ ва таълиқоти фарогир ба оммаи васеи хонандагон ва алоқамандон пешниҳод мегардад.

Март 20, 2017 11:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст