Китоби «Ас-саводу-л-аъзам» нашр шуд
ДУШАНБЕ, 20.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи фарорасии Наврӯзи хуҷастапай китоби «Ас-саводу-л-аъзам»-и Абулқосим Ҳакими Самарқандӣ – яке аз сарчашмаҳои қадими мардуми Мовароуннаҳру Хуросонро дар баёни ақоиди аҳли суннат ва ҷамоат ба чоп расонид.
Асар аз намунаҳои куҳантарини наср ва сабки тарҷумонии порсизабонон аст. Муаллиф мавқеи мазҳаби ҳанафии аҳли суннат ва ҷамоатро ба забони шевои тоҷикӣ доир ба масъалаҳои эътиқодӣ бо далелу бурҳонҳои нақлию ақлӣ ва сабки равону сода баён кардааст. Ин китоб матни муфассали «ас-Саводу-л-аъзам», «Мунтахаби тарҷумаи «ас-Саводу-л-аъзам»-и Хоҷа Муҳаммади Порсо ва рисолаи хурде «Дар баёни имон»-и Ҳакими Самарқандиро дарбар мегирад, ки бо таҳқиқ ва таълиқоти фарогир ба оммаи васеи хонандагон ва алоқамандон пешниҳод мегардад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






