Корҳои ободонию сабзкорӣ ба муносибати ҷашни Наврӯз дар ФБД вусъат мегиранд
ДУШАНБЕ, 16.03.2017/АМИТ «Ховар»/. Бо фарорасиии фасли зебои сол- баҳор ва Наврӯзи ҳуҷастапай дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе корҳои ободонӣ ва сабзкорӣ вусъати тоза мегиранд. Дар ин росто аз ҷониби кормандони Хадамоти аэровокзал ва сабзкорӣ шинонидани дарахтони ороишиву сояафкан ва гулу буттаҳо идома дорад.
Назар ба иттилои Ҷамила Ҳусейнова, котиби матбуоти Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар ин муддат дар ҳудуди аэровокзал 57 адад дарахти шоҳбулут, 8 адад дарахти заранг, наздик ба 9 ҳазор адад қаламчаи гулҳои садбарг, 29290 бех гулҳои мавсимӣ, 7300 адад гули мавсимии лола, 1000 адад буттаҳои ҳамешасабз, 2000 метри кубӣ чаманзор, 8 адад дарахти нахл ва боз даҳҳо намуди гулу буттаҳои ороишию хушбӯй шинонида шуданд.
Хадамоти аэровокзал ва сабзкории ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» баҳри ободию тозагии атрофи фурудгоҳ пайваста кӯшиш менамояд. Кормандони он ҳамеша талош доранд саҳни бинои терминал, толори гусел ва пешвози намояндагони расмӣ, хатҳои маҳаллӣ, толори президентӣ ва ошхонаи «Парвоз» поку озода бошанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






