Маҳмадшариф Ҳақдод бо Абдуллоҳ Муҳаммад Ал- Бассомӣ мулоқот намуд

Март 17, 2017 09:39

ДУШАНБЕ, 17.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар самтҳои иқтисод, тиҷорат ва илму техника ҳамкории мутақобилан муфид доранд. Ин нуктаро дирӯз Маҳмадшариф Ҳақдод, муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мулоқот бо Абдуллоҳ Муҳаммад Ал-Бассомӣ, намояндаи Палатаи савдои Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷидда, Раиси ширкати тиҷоратии «Al-bassami Group of Сompanies»-и Шоҳигарии Арабистони Саудӣ иброз дошт.
«Ман фикр мекунам, дар мулоқотҳое, ки бо раҳбарони дигар вазорату идораҳо доштед, оид ба самтҳо ва лоиҳаҳои мухталиф ва шароити сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шудед. Аз ин лиҳоз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар навбати худ он тасмимҳое, ки шумо доред ва дар он соҳаҳое, ки мехоҳед сармоягузорӣ намоед, омодааст дар доираи қонунгузории амалкунандаи кишвар онҳоро ҳамаҷониба баррасӣ ва дар амалишавиашон мусоидат намояд»,- гуфт Маҳмадшариф Ҳақдод.
Муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр кард, ки «дар баробари он, ки шумо мехоҳед дар соҳаи сайёҳӣ, коркарди маъданҳои кӯҳӣ ва масолеҳи сохтмонӣ ҳамкорӣ намоед ва ё сармоягузор бошед, мехоҳам диққати шуморо ба истеҳсоли энергияи обӣ, ки кишвари мо дорои захираҳои зиёди об аст ва имкониятҳои зиёди истеҳсоли энергияи обӣ мавҷуданд, ҷалб намоям, зеро дар Тоҷикистон 98%-и истеҳсоли энергия аз об мебошад. Ин дар ҷаҳон ҳамчун «энергияи сабз» ёдоварӣ мешавад ва аз ҷиҳати экологӣ тоза буда, ба аҳолӣ таъсири манфӣ намерасонад. Аз ин лиҳоз мо метавонем дар ин самт лоиҳа пешниҳод намуда, бо шумо ҳамкорӣ намоем».
Абдуллоҳ Муҳаммад Ал-Бассомӣ изҳор дошт, ки «мо даъвати Заробиддин Қосимӣ, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудиро дар мавриди сармоягузорӣ дар самтҳои гуногун қабул намуда, ба умеди дар оянда ҳамкорӣ намудан бо Тоҷикистон ташриф овардем. Инчунин дар илова ба самтҳои пешниҳодкарда, мо бо лоиҳаҳое, ки аз ҷониби шумо пешниҳод мешаванд, омодаем ҳамкорӣ ва сармоягузорӣ намоем».
Дар хусуси он, ки Абдуллоҳ Муҳаммад Ал- Бассомӣ гуфт, «мо дар соҳаи сохтмон бо Туркия ва Босман ҳамкорӣ дорем ва мехоҳем дар ин самт бо шумо низ ҳамкор бошем», Маҳмадшариф Ҳақдод зикр кард, ки «дар кишвари мо қонунгузориҳои амалкунанда ин корро манъ накардаанд ва шумо метавонед дар алоҳидагӣ ва ё дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои дар ин самт амалкунанда ҳамкорӣ намуда, дар сохтани биноҳои баландошёнаи замонавӣ саҳмгузор бошед».
Сафари Абдуллоҳ Муҳаммад Ал Бассомӣ то 19 март идома ёфта, дар назар аст ӯ бо Маҳмадсаид Зувайдов, муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе мулоқот намуда, аз мавзеи таърихии «Қалъаи Ҳисор» ва осоишгоҳи табобатии «Шоҳамбарӣ» боздид ба амал орад.

Март 17, 2017 09:39

Хабарҳои дигари ин бахш

МАНФИАТ ВА ХАВФҲОИ ИСТИФОДАИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Мулоҳизаҳои профессор Сайфиддин Давлатзода дар ин мавзуъ
Дар вилояти Суғд ба фаъолони соҳаҳо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба хонандагони ятими шаҳри Роғун либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим гардид
КИТОБ — МУФИДТАРИН ИХТИРОИ БАШАР. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи китоб аст
Сафири Тоҷикистон бо Вазири энергетика ва маъданҳои Салтанати Умон мулоқот намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
«35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
БАРОИ АЛОҚА, БАРОИ ОДАМОН, БАРОИ ҶУМҲУРӢ. МегаФон Тоҷикистон дар чоряк асри фаъолият чӣ корҳоро анҷом дод?
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи саноати сабук густариш медиҳанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ. Аз Тоҷикистон ба зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон парвозҳо ба роҳ монда шудааст
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд