Маросими супоридани санад оид ба тасвиби Созишномаи Париж
ДУШАНБЕ, 23.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. 22 марти соли равон дар Қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк маросими супоридани санад оид ба тасвиб гардидани Созишномаи Париж роҷеъ ба тағйирёбии иқлим аз ҷониби Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин бора аз ВКХ ҶТ хабар доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов санади мазкурро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Мигел де Серпа Соарес супорид.
Инчунин зикр гардид, ки Тоҷикистон дар баробари 175 кишвари аъзои СММ Созишномаи мазкурро дар таърихи 22 апрели 2016 дар қароргоҳи СММ имзо намуд ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон онро рӯзи 13 феврали соли равон ба тасвиб расонидааст. Созишнома 4 ноябри 2016 қувваи қонунӣ пайдо карда, то имрӯз аз ҷониби 135 кишвари ҷаҳон ба тасвиб расидааст.








Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард






