Муаррифии роҳбари нави намояндагии доимии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 28.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар шаҳри Душанбе масоили рушди ҳамкории дуҷонибаи судманд байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) баррасӣ гардид. Дар ин бора аз Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, Ҷамшед Нурмаҳмадзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон бо Филип Беннетт, ноиби якуми Президенти БАТР, роҳбари гурӯҳи хизматрасонии муштариён вохӯрӣ намуда, аз тавсеа бахшидани муносибатҳои минбаъда дар самти низоми бонкии кишвар, аз ҷумла беҳтар кардани вазъи низоми бонкӣ, саҳмгузорӣ дар маблағгузории соҳибкории хурду миёна, таъсиси ҷойҳои нави корӣ сухан гуфт.
Ҷ. Нурмаҳмадзода таваҷҷуҳи намояндагии БАТР-ро ба масъалаи маблағгузорӣ ва татбиқи барномаҳои пешбининамудаи Хазинаи Бонки Аврупо (ХБА) ҷиҳати дастгирии низоми бонкии кишвар ҷалб намуда, барои равона шудани онҳо ба дастгирии соҳибкории хурду миёна, аз ҷумла дар ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон, инчунин устувор гардонидани сиёсати монетарӣ ва ғайра ибрози андеша намуд.
Филип Беннетт, ноиби якуми Президенти БАТР оид ба ислоҳот дар низоми бонкии ҶТ, сармоякунонии бонкҳои муаммодор, ба амал омадани фишорҳои буҳронӣ ба низом, ҳалли мушкилоти бонкҳо, аз ҷумла мушкилиҳои андозӣ сухан карда, барои боз ҳам рушд додани ҳамкории тарафайн дар самти низоми бонкии кишвар пешниҳоду машваратҳои ҷолиб манзур намуд.
Бояд зикр намуд, ки Филип Беннетт дар ин вохӯрӣ ба роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон роҳбари намояндагии доимии БАТР дар Тоҷикистон Айтен Рустамоваро, ки нав интихоб шудааст, муаррифӣ намуд. Мавсуф изҳори боварӣ кард, ки минбаъд низ ҳамкорӣ байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар самтҳои гуногуни иқтисодиёт, аз ҷумла низоми бонкӣ идома ва рушд хоҳанд ёфт.








«35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
БАРОИ АЛОҚА, БАРОИ ОДАМОН, БАРОИ ҶУМҲУРӢ. МегаФон Тоҷикистон дар чоряк асри фаъолият чӣ корҳоро анҷом дод?
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи саноати сабук густариш медиҳанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ. Аз Тоҷикистон ба зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон парвозҳо ба роҳ монда шудааст
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1395 нафар занон беш аз 45 миллион сомонӣ грант ҷудо гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд






