«Нақши бонувон дар ҷомеаи муосир» — ҳамоиш дар ноҳияи Файзобод

Март 7, 2017 12:01

ФАЙЗОБОД, 07.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар маҷлисгоҳи Кумитаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Файзобод бо ташаббуси раиси Кумитаи ҳизб Абдулло Азизов  бахшида ба Рӯзи Модар бо иштироки 30 нафар фаъолзанон ва собиқадорони ҲХДТ дар ноҳия дар мавзӯи «Нақши бонувон дар ҷомеаи муосир» ҳамоиш доир гардид.

Дар маҳфил зикр гардид, ки модар  ҳамчун офаридгори насли инсон ва равшангари роҳи онҳо дар ҷомеа мақому манзалати махсус дорад. Дар даврони истиқлолият мақоми зани тоҷик дар ҷомеа боз ҳам таҳким ёфт. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» иқдоми ҷиддӣ дар самти боло бурдани мавқеъ ва нақши зани тоҷик дар ҷомеа гашта, бори дигар ифодагари иродаи сиёсии роҳбарияти олии мамлакат ва эътимоду бовар ба қудрату садоқати зани тоҷик гашт.

Инчунин аз тарафи  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ба бонувон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардиданд.

Март 7, 2017 12:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст